«СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҲУҚӢ». Дар Кӯлоб конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид

Сентябрь 28, 2024 15:35

ДУШАНБЕ, 28.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Рушди қонунгузорӣ оид ба мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,  профессор Дилшод Раҳмон иброз намуд, ки мо,  масъулини муассисоҳо баргузории силсилаи чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ, озмуну олимпиадаҳо, тарғибу ташвиқи васеи асосҳои конститутсионии давлат ва қонунгузории миллиро бештар намоем. «Зеро роҳандозии иқдомоти шоиста ҷиҳати баланд бардоштани маърифати хуқуқии шаҳрвандон дар робита ба арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд»,-афзуд номбурда.

Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода таъкид намуд, ки мақсади  эълон намудани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он ва баланд бардоштани мақоми қонун мебошад.

Дар идомаи кори конфронс 23 мақола ва маърӯзаҳои олимону донишмандон ва коршиносону мутахассисони соҳа дар робита ба  рушди қонунгузорӣ ва маърифати ҳуқуқии  шаҳрвандон мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Сентябрь 28, 2024 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид