Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни 33-солагии Соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид мегарданд.
Дар ин паёмҳои табрикотӣ дастовардҳои назарраси тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвари мо дар арсаҳои давлатсозӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъкид гардидаанд. Дар онҳо, ҳамчунин, таҳкими пайвастаи обрӯву эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ тавассути иштироки созандаву фаъолона дар ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ қайд карда шудааст.
Муаллифони паёмҳо ва барқияҳои табрикотӣ, бо арзи эҳтиром ба Сарвари давлати мо ва таманниёти сиҳатмандӣ, некуаҳволӣ ва комёбиҳои навин дар фаъолияти сермасъули давлатӣ, ба мардуми Тоҷикистон самимона сулҳу суботи пойдор ва шукуфоии минбаъда орзу намудаанд.
***
“Ҷаноби Олӣ,
Шуморо ба муносибати Рӯзи Истиқлолият самимона табрик мегӯям.
Созмони Милали Муттаҳид бо тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷлили ин рӯзи фархунда ҳамроҳ мешавад.
Ин лаҳзаест, ки аҳамияти ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, мубориза бо буҳрони иқлим, тавсеаи имконият ва оянда барои ҳамаро дар хотир дошта бошем.
Акнун замони ҳамбастагӣ барои пешрафти сулҳ, шукуфоӣ, рушди устувор ва ҳуқуқи инсон барои ҳамаи одамон аст.
Дар таҷлили ин санаи муҳим бо Шумо ҳамроҳам. Биёед ҷиҳати ояндаи беҳтар барои мардуми Тоҷикистон ва ҳама дар саросари ҷаҳон талош варзем.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори эҳтироми олии маро қабул намоед”.
Антониу Гуттериш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид
***
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимонаи инҷонибро ба ифтихори Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи истиқлолият қабул фармоед.
Муносибатҳои миёни давлатҳои мо дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ пайгирона рушд меёбанд. Русия ва Тоҷикистон дар самтҳои мухталиф ва дар доираи ИДМ, СААД, СҲШ, СММ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ба таври фаъол ва самарабахш ҳамкорӣ доранд.
Бовар дорам, ки бо талошҳои муштарак мо тақвияти минбаъдаи тамоми маҷмӯи робитаҳои созандаи Русия ва Тоҷикистонро таъмин хоҳем кард. Ин, бешубҳа, ҷавобгӯи манфиатҳои аслии мардумони ба ҳам дӯсти мо буда, дар роҳи таҳкими амният ва субот дар Осиёи Марказӣ сурат мегирад.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии бардавом ва комёбиҳо, ба ҳамаи ҳамватанони Шумо сулҳу шукуфоӣ орзумандам”.
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
***
“Муҳтарам ҷаноби Президент,
Ба муносибати 33-юмин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷозат фармоед, то ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро иброз намоям.
Таҳти роҳбарии Шумо дар кишвар «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бемайлон амалӣ гардида, дар бунёди давлатдорӣ комёбиҳои бузург ба даст оварда шудааст. Ҷониби Чин ҳамчун ҳамсояи нек, дӯсти наздик ва шарики боэътимод аз ин раванд сидқан хушҳол аст.
Моҳи июли соли ҷорӣ ман ба кишвари Шумо сафари давлатӣ доштам. Дар ҷараёни сафар мо аз рушди робитаҳои ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегии Чину Тоҷикистон ба марҳалаи нав хабар дода, ҷиҳати ташаккули Ҷомеаи сарнавишти муштараки Чин ва Тоҷикистон дар нуқтаи оғози нав ба мувофиқа расидем.
Ман омодаам, ки бо Шумо барои таъмиқи минбаъдаи эътимоди сиёсии ду кишвар, пешбурди пайвастаи ҳамкории ҳамаҷонибаи мутақобилан судманд миёни Чин ва Тоҷикистон ва якҷоя ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои дуҷониба талош варзам.
Ба Тоҷикистон шукуфоӣ ва афзоиши қудрат, ба мардуми он саодатмандӣ ва некуаҳволӣ таманно дорам
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин
***
“Муҳтарам ҷаноби Президент,
Аз номи мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таманниёти беҳтаринро ба мардуми Тоҷикистон ба муносибати 33-юмин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии кишваратон изҳор медорам.
Тайи як соли охир, Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида ҳамкориашонро ҷиҳати таъмини ояндаи дурахшон барои мардумонашон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ амиқтар карданд. Дар якҷоягӣ мо шарикиамонро дар самти мубориза бо терроризм густариш додем, ба истифодаи масъулиятнок ва ҳифзи муҳити зист мусоидат намудем ва ҳамкории бахшҳои хусусиро дар Осиёи Марказӣ дастгирӣ кардем. Талошҳои мо дар амри таҳкими амнияти энергетикӣ тавассути шарикӣ дар соҳаи маъданҳои муҳим боиси ифтихор аст.
Бо назари нек ба оянда, Иёлоти Муттаҳида ба пуштибонӣ аз Тоҷикистони тавонотар, озодтар ва шукуфонтар содиқ мемонад. Бароятон дар фазои таҷлили иди миллӣ ҷашнгирии пурфараҳу осударо орзу дорам”.
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден
***
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Сидқан хушҳолам, ки ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон таманниёти беҳтарини худро ба ифтихори ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи истиқлолол бирасонам.
Мо беандоза хушҳолем, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо мардуми бародари Тоҷикистон ин рӯзи барои худ муҳимро бо натиҷаҳои баланд ва комёбиҳо дар ҳамаи соҳаҳо истиқбол мегирад.
Мехоҳам ислоҳоти калонмиқёс ва кори бузурги созандаро, ки ҷиҳати таъмини рушди устувори кишвар, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ, ҳамчунин обрӯву эътибори Тоҷикистон ва таваҷҷуҳ ба он дар арсаи байналмилалӣ анҷом дода шудааст, алоҳида таъкид намоям.
Боиси қаноатмандии хоса аст, ки робитаҳои наздики бародарӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни мардумони мо, ки тайи чандин садсолаҳо таҳким ёфтаанд, дар солҳои охир ба сатҳи бесобиқа расидаанд. Дар натиҷаи муҳокимаҳо ва музокироти самарабахш дар доираи сафари давлатӣ ба кишвари Шумо дар моҳи апрели соли равон, муносибатҳои мо ба сатҳи комилан нав – ҳампаймонӣ баромаданд ва ин иқдом руйдоди таърихӣ мебошад.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Итминон дорам, ки талошҳои муштараки мо, муколамаи ошкорову дӯстона дар сатҳи олӣ ва мувофиқаҳои муҳими то имрӯз бадастомада ба шукуфоӣ ва рушди минбаъдаи мардумони ба ҳам бародари мо, таҳкими пайвастаи шарикии ҳамаҷониба ва дарозмуддат хизмат хоҳанд кард. Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии бардавом, саодати оилавӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу пешрафти афзоишёбанда орзумандам”.
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
***
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи мардуми Қазоқистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми бародари тоҷикро бо Рӯзи Истиқлолият самимона табрик мегӯям.
Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо роҳи устувори худро дар самти таҳкими давлатдорӣ идома дода, дар кишвар ислоҳоти муҳими сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ мунтазам амалӣ мегардад ва некуаҳволии кишвар сифатан боло меравад.
Ба шарофати заҳматҳои шахсии Шумо Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ эътибори баланд пайдо карда, дар таҳкими амнияту ҳамкории минтақавӣ саҳми назаррас мегузорад.
Итминон дорам, ки Тоҷикистон бо пайравӣ аз роҳи стратегии Шумо қадамҳои қатъии худро дар масири рушди устувор ва пешрафт идома медиҳад.
Тайи солҳои рушди соҳибихтиёр кишварҳои мо муносибатҳои воқеан судманд ба роҳмондаанд, ки таҳкурсии боэътимоди онҳо муколамаи эътимодбахш дар сатҳи олӣ мебошад. Бовар дорам, ки бо саъю талошҳои муштарак муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Қазоқистону Тоҷикистон минбаъд низ ба манфиати мардумони мо ҳамаҷониба таҳким меёбанд.
Дар ин рӯзи фараҳбахш ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар фаъолияти пурмасъули давлатӣ комёбиҳои минбаъда ва ба Тоҷикистони бародар некуаҳволию шукуфоӣ орзу дорам”.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев
***
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо шахсан ва аз номи мардуми Қирғизистон табрик мегӯям.
Тӯли солҳои Истиқлолият Тоҷикистон дар таҳкими давлатдорӣ, беҳбуди некуаҳволии мардум ва тақвияти нуфузу эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ комёбиҳои назаррас ба даст овардааст.
Итминон дорам, ки муносибатҳои ду кишвар дар руҳияи эътимоди мутақобила, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек таҳкиму таъмиқ хоҳанд ёфт.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбҳо, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу амонӣ ва рушд таманно дорам”.
Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон
***
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Бародари гиромӣ!
Аз самими қалб Шумо ва тамоми мардуми кишваратонро ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям!
Боиси хушҳолист, ки аз комёбиҳои кишвари Шумо, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба даст омадаанд, ҳамчунин аз сатҳи баланди рушди муносибатҳои барои ҷонибҳо судманди миёни кишварҳои мо ташаккулёфта ёдовар шавам.
Боварии комил дорам, ки ҷонибдории пайвастаи Туркманистон ва Тоҷикистон аз тавсеа ва таъмиқи минбаъдаи муколамаи байнидавлатӣ ҷавобгӯи манфиатҳои ду халқ мебошад.
Иҷозат фармоед, то ба Шумо барои саҳми бузурги шахсиатон дар таҳкими муносибатҳои дӯстиву ҳамкорӣ миёни Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикикистон сипоси амиқи худро иброз намоям.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатии комил, саодатмандӣ ва дар фаъолияти сермасъулатон комёбиҳо, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу пешрафт ва шукуфоии минбаъда орзумандам!”
Пешвои миллии мардуми туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов
***
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Ба ифтихори Рӯзи истиқлоли кишваратон бо сарфарозӣ ба Шумо ва тамоми мардуми бародари кишваратон табрикоти самимона ва таманниёти беҳтарини худро ирсол медорам.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими давлатдории худ, беҳбуди рифоҳи мардум ва баланд бардоштани мақому манзалати кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Туркманистон ба таҳкими муносибатҳои анъанавӣ дӯстона ва судманд бо Тоҷикистон, ки дар заминаи мустаҳками робитаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва дастгирии ҳамдигарӣ асос ёфтаанд, аҳаммияти хосса медиҳад. Боварии комил дорам, ки ба туфайли талошҳои муштараки мо ҳамкории Туркманистону Тоҷикистон мутобиқ ба нафъи мардумони ба ҳам бародари мо минбаъд ҳам рушд ёфта, амиқ хоҳанд гардид.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, некуаҳволӣ ва саодатмандии оилавӣ, ҳамчунин, комёбиҳои нав дар татбиқи ҳамаи иқдомҳо ва ниятҳоятон ба нафъи мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳонам!”
Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов
***
“Муҳтарам Эмомали Шарифович,
Ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи истиқлолият аз номи худ ва аз номи мардуми Озарбойҷон ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми мардуматон табрикоти самимитарин ва таманниёти нек мерасонам.
Таҳти роҳбарии дурандешонаи Шумо Тоҷикистон дар роҳи рушди ҳамаҷониба ва эҳёи иҷтимоию иқтисодӣ дилпурона пеш рафта, дар арсаи байналмилалӣ нуфузу эътибори баланд пайдо кардааст.
Мо ба муносибатҳои миёни Озарбойҷон ва Тоҷикистон, ки бар чунин пояҳои қавӣ, ба монанди умумияти пайвандҳои таърихиву фарҳангӣ, бародарӣ, эътимод ба ҳамдигар ва дастгирӣ асос ёфтаанд, аҳамияти хоса зоҳир менамоем.
Муносибатҳои чандинасраи мустаҳками дӯстона, ки байни мардумони бародари мо барқарор гардидаанд, муколамаи фаъоли сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ имрӯз яке аз омилҳои асосии муайянкунандаи ҳамкории сатҳи баланди Озарбойҷону Тоҷикистон мебошанд.
Сафари давлатии Шумо ба Озарбойҷон, ки моҳи майи соли ҷорӣ сурат гирифт, сафҳаи навро дар таърихи робитаҳои Озарбойҷон ва Тоҷикистон боз намуда, муносибатҳои моро ба сатҳи шарикии стратегӣ боло бурд.
Итминон дорам, ки мувофиқаҳои ҳосилшуда оид ба самтҳои минбаъдаи робитаҳо зимни сафарҳои сершумори мутақобила барои ғанӣ гардонидани ҳамкории байнидавлатии мо бо мазмуну муҳтавои нав, таҳкими бештари ҳамбастагӣ миёни мардумони бародари мо, рушду шукуфоии пойдори кишварҳоямон ва тамоми минтақа саҳм хоҳанд гирифт.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар ин рӯзҳои ҷашнӣ ба Шумо сиҳативу саодатмандӣ ва дар корҳоятон комёбиҳо, ба мардуми бародари Тоҷикистон некуаҳволӣ ва рифоҳу шукуфоии пайваста орзумандам”.
Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон
***
“Муҳтарам Эмомали Шарифович,
Аз номи мардуми Беларус ва шахсан аз номи худам ба муносибати ҷашни миллӣ — Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимона арз мекунам.
Мардуми Беларус нисбат ба кишвари Шумо, ки дар он таваҷҷуҳи хос ба мероси ғании фарҳангӣ бо рағбату умедвориҳо ба оянда ҳамоҳанг мебошад, муносибати ниҳоят гарм доранд.
Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар арсаи иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини амнияти миллӣ, таҳкими ҳамкории баробарҳуқуқ ва барои ҷонибҳо судманд дар арсаи байналмилалӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.
Муколамаи чандинсолаи эътимодбахшамонро баланд арзёбӣ менамоям ва ба идомаи он дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ умед мебандам. Итминони комил дорам, ки шарикии Беларус ва Тоҷикистон, ки бар таърихи муштарак дар гузашта асос ёфтааст, минбаъд низ фаъолона рушд хоҳад кард.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии наку ва некуаҳволӣ, ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон сулҳу субот ва шукуфоӣ хоҳонам”.
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко
***
“Ба бародари азизам,
Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Худо ҳифзашон кунад
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу
Боиси хушнудист, ки Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати Рӯзи истиқлоли кишваратон самимона табрику таҳният гуфта, барои Ҷаноби Олӣ беҳтарин таманниёти саломатию саодатмандӣ, барои Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистони бародар пешравию шукуфоии пайваста орзу намоям”.
Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд
***
“Ҷаноби Президент,
Ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва мардуми тоҷик таманниёти самимии худро ирсол менамоям.
Муносибатҳои байнидавлатии кишварҳоямон дар соли гузашта ба сатҳи сифатан нав баромаданд. Шарикии минтақавии стратегие, ки дар моҳи сентябри соли гузашта ба роҳ монда шуд, аҳамият ва эътибори кишварҳои Осиёи Марказиро дар Олмон таъкид мекунад. Олмон хусусан Тоҷикистонро шарики муҳими худ, пеш аз ҳама, дар бахшҳои бехатарӣ, иқлим, об ва пиряхҳо медонад.
Шумо мутмаин бошед, ки Олмон дар оянда низ шарики боэътимоди Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд ва дар рушди сохторҳои демократӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, инчунин, дар самти пешбурди низоми ба иқтисодиёти бозаргонӣ нигаронидашуда бо Шумо минбаъд низ самимона ҳамкорӣ хоҳад кард.
Шахсан ба Шумо тамоми хӯшиҳо ва ба мардуми тоҷик ояндаи босуботро дар фазои озодӣ, бехатарӣ ва некуаҳволӣ таманно дорам”.
Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер
***
“Муҳтарам ҷаноби Президент,
Табрикоти гарму самимии маро ба Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Кишварҳои мо дар солҳои гузашта муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ барқарор намуданд. Ман ба рушди минбаъдаи онҳо ва ҳамчунин, таҳкими робитаҳои дӯстии байни халқҳоямон умед мебандам.
Ба Шумо аз сидқи дил саломатии бардавому хушбахтӣ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шукуфоии пойдор орзумандам”.
Президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл
***
“Ҷаноби Олӣ,
Лутфан табрикоти самимии маро ба муносибати 33-юмин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намоед.
Покистон робитаҳои таърихӣ ва бародарии худро бо Тоҷикистон хеле қадр мекунад. Ман мутмаинам, ки ҳамкории гуногунпаҳлӯи байни ду кишвари бародари мо, ки бар пояи пойдор асос ёфтаанд, бо мурури замон ба нафъи халқҳои мо ва дар маҷмӯъ минтақа тақвият хоҳанд ёфт.
Ман аз ин фурсат истифода бурда, ба Шумо орзуҳои неки саломатӣ, некуаҳволӣ ва хушбахтӣ, пешрафту шукуфоии минбаъдаи мардуми бародари Тоҷикистонро иброз менамоям.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми олии маро қабул фармоед”.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ
***
“Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли хушнудӣ самимитарин табрикоти худро ба муносибати ҷашни фархундаи 33-солагии Истиқлолияти кишваратон тақдим мекунам.
Покистон ба муносибатҳои гарму бародаронаи худ бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Ду кишвари мо, ки бо таърих, мазҳаб ва ҷуғрофияи муштарак пайвастагӣ доранд, дӯстону шарикони воқеӣ мебошанд. Бо камоли қаноатмандӣ қайд менамоям, ки равобити дуҷонибаи кишварҳо дар тӯли чандин солҳо инкишофи мусбиро идома медиҳад.
Дар иртибот ба ин аз сафари пурсамаре, ки моҳи июли соли ҷорӣ ба кишвари зебои Шумо доштам, бо камоли майл ёдовар мешавам. Ман бори дигар ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, барои меҳмоннавозии самимонаи ман ва ҳайати ман дар шаҳри Душанбе изҳори сипос менамоям. Ин дидор масирро барои иқдомоти оянда муайян кардааст ва ман бовар дорам, ки ин масир равобити дуҷонибаро ба ривоҷу шукуҳи бештар мерасонад. Маҳз дар ҳамин руҳия ман аз Ҷаноби Олӣ ҷиҳати ташриф овардан бо сафари расмӣ ба Покистон дар фурсати бароятон муносиб даъват ба амал меорам.
Ба Ҷаноби Олӣ саломатӣ, умри дароз, некуаҳволӣ ва барои халқи бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафту шукуфоии минбаъда таманно дорам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори ғояти эҳтироми маро бипазиред”.
Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Шаҳбоз Шариф
***
“Муҳтарам ҷаноби Президент,
Ба муносибати солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қаноатмандии бузург табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти худро ба Шумо ва ба мардуми Тоҷикистон ирсол менамоям.
Ин рӯз дар таърихи кишвари Шумо марҳалаи муҳим буда, аз устуворӣ ва тавоноии мардумаш дар роҳи соҳибстиқлолӣ шаҳодат медиҳад. Ман бо ифтихор метавонам иброз намоям, ки кишварҳои мо аз соли 1991 муносибатҳои созанда ва барои ҷонибҳо судмандро роҳандозӣ намудаанд ва умед дорам, ки онҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз ин фурсат шахсан ба Шумо беҳтарин хушиҳо ва ба мардуми Тоҷикистон ояндаи дурахшон орзумандам”.
Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен
***
Барқияҳои табрикӣ, ҳамчунин, ворид гардиданд:
Аз номи Императори Ҷопон Наруҳито, Подшоҳи Белгия Филипп, Подшоҳи Нидерланд Виллем-Александр, Подшоҳи Шведсия Карл XVI Густав, Подшоҳи Испания Филиппи VI, Валиаҳд, Раиси Шурои вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин, Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад Хан.
Воридшавии паём ва барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.