«ЗИ МАРДОНИ ҶАҲОН МАРДӢ БИЁОМӮЗ!». Маҳмудҷон Муродов бунёди муассисаи таълимиро барои насли наврас қарзи шаҳрвандию ҷавонмардӣ мешуморад

Сентябрь 1, 2024 14:26

ДУШАНБЕ, 01.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар пайи иҷрои дастуру ҳидоятҳо ва ҳамовозӣ ба сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои пайвастаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бо амри дил саҳм гузоштан дар рушди соҳаи маорифи мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватандӯсту ҳимматбаланд, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил» ва вакили шаҳрӣ Маҳмудҷон Муродов дар хиёбони Саъдии Шерозӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19 дари худро ба рӯи 3 ҳазору 500 хонанда боз намуд.

Ин мактаб, ки дар муддати беш аз як сол бунёд гардид, на танҳо бо тарҳи зебову ороиши ҷолиб ва санъати олии меъмориву сохтмонӣ, ҳамчунин бо шароити беҳтарини таълиму тадрис дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он намуна аст. Муассисаи таълимӣ дар рӯ ба рӯи яке аз гулгаштҳои сабзпӯш ва пур аз фаввораҳои ноҳияи Синои пойтахт бунёд гардида, ба намои зебои шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам кардааст.

Лоиҳаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19 дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар якҷоягӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия шуда, фармоишгари он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил» мебошад. Масоҳати умумии қитъаи замин 13 ҳазору 679 метри мураббаъ буда, масоҳати зери сохтмони бино 3 ҳазору 681 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Фаршу зинапояҳои даромадгоҳи асосӣ, коридору синфхонаҳо ва роҳравҳои ҳудуди муассиса бо мармари сафед, ламинат, тахтасанг ва граниту серанит рӯйпӯш карда шудааст, ки аксаран маҳсулоти ватанӣ мебошанд. Ҳамчунин дар ҳудуди муассиса масоҳати беш аз 4 ҳазор метри мураббаъ сабзапӯшу гулзор карда шудааст.

Дар саҳн ва атрофи мактаб беш аз 200 бех дарахтони ороишӣ ва сояафкан шинонида шудаанд, ки ҳам ба мактаб зебу зиннат медиҳанд ва ҳам муҳити атрофро тозаву озода нигоҳ медоранд.


Дар 5 бинои чорошёнаи пайваст 75 синфхонаи фаннӣ- ҳар яке барои 24 ҷойи нишаст бунёд шудааст. Аллакай 9 синфхонаи лабораторӣ ва амалӣ, синфхонаҳои фаннҳои химия, биология, физика (дар ошёнаи сеюм), синфхонаи омодагии ҳарбӣ дар ошёнаи чорум, синфхонаи таълими меҳнат барои духтарону писарон- ҳар яке дар алоҳидагӣ дар таҳхона, синфхонаи дарси рассомӣ ва мусиқӣ — ҳарду дар ошёнаи сеюм, китобхона барои 23 ҳазор китоб бо толори хониш, 2 синфхонаи компютерӣ дар ошёнаи чорум барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагон омода ҳастанд. Барои омӯзгорони мактаб 11 ҳуҷраи корӣ бо тамоми шароити зарурӣ пешбинӣ шудааст.

Дар баробари ошхонаи мактабӣ барои 300 ҷойи нишаст, ки дар таҳхона бино шудааст, ҳамчунин барои омӯзгорон ошхонаи алоҳида бо 48 ҷойи нишаст дар ошёнаи якум бунёд гардида, хонандагону омӯзгорон имконият доранд аз он дар вақтҳои зарурӣ истифода намоянд.

Толори хониш дорои шароити мусоиди китобхонӣ буда, дар ин ҷо дар як вақт 100 нафар метавонад мутолиа намоянд.

Дар муассисаи нави таълимӣ толори варзишии универсалӣ дар ошёнаи якум ва толори маҷлис барои 380 ҷойи нишаст дар ошёнаи дуюм сохта шудааст.

Бо мақсади ҳифзи саломатии хонандагон ва омӯзгорон шуъбаи тиббӣ-амбулаторӣ дар ошёнаи якум фаъолият мекунад. Мактаб дорои ҳуҷраи алоҳидаи радиошунавонӣ буда, 3 лифт дар хизмати омӯзгорон ва хонандагон қарор дорад. Муассисаи нави таълимӣ иқтидори дар як баст қабул кардани 1 ҳазору 750 хонандаро дорад.

Дар доираи корҳои ободонӣ бино пурра бо системаи гармидиҳӣ пайваст гардида, ҳамзамон дар ҳамаи толорҳои хониш ва синфхонаҳо камераҳои назоратӣ насб гардидааст, ки тавассути онҳо раванди таълим пайваста назорат карда мешавад.


Ғайр аз бинои асосӣ ва иншооти ёрирасон ҳамзамон дар назди муассиса майдончаи футболи хурд бунёд гардидааст ва минбаъд омӯзгорону хонандагон аз чунин шароити мусоид метавонанд самаранок истифода намоянд.

Дар шароити мураккаби иқтисодии имрӯза бунёд намудани муассисаи муҳташами таълимӣ бо панҷ бинои чорошёна кори саҳлу осон нест.

Дар баробари ҳамин мояи ифтихор ва шоистаи таҳсин аст, ки тамоми хароҷоти сохтмони ин муассисаи таълимиро соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ба уҳда гирифт.

Ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва ҳидояту роҳнамоиҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз амалҳои ҳамарӯзаи Маҳмудҷон Муродов аст. Аз ҳисоби худ бунёд кардани муассисаи таълимиро барои насли наврас Маҳмудҷон Муродов қарзи шаҳрвандию ҷавонмардӣ мешуморад. Воқеан ҳам ин амали накӯ ва хайрхоҳонаи Маҳмудҷон Муродовро метавон олитарин ва воҷибтарин намунаи ибрат барои дигар соҳибкорони ватанӣ муаррифӣ кард. Зеро бунёд кардани мактаб маънои иштирок доштан дар таълиму тарбияи насли наврасро дорад. Танҳо дар як сол 3 ҳазору 500 хонанда дар ин боргоҳи илму адаб таълим ва тарбия мегиранд, ки ҳатман аз байни онҳо ворисони арзандаи миллат ба воя мерасанд.


Зимнан, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ акнун сокинону шаҳрвандони мамлакат имкон доранд, ки озодона ба соҳибкории инфиродӣ, истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва дигар намудҳои фаъолият, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, машғул бошанд, соҳиби сармоя, молия, иншооту корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ гарданд. Хушбахтона, хеле аз соҳибкорони ватанӣ бо соҳиб шудан ба сармояву молия дарк карданд, ки акнун онҳо ҳам метавонанд дар раванди бунёди давлати пешрафтаи тоҷикон саҳми арзанда гузоранд. Дар паҳлуи Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қомат рост карда, даъватҳои роҳбарияти олии мамлакатро барои обод кардани Ватан пазироӣ кунанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама суханрониҳо таъкид кардаанд, ки Тоҷикистон Ватани мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад. Дар ҳамовозӣ ба ин даъват ва таъкиди Сарвари давлат соҳибкорони ватанӣ фарҳанги истифодаи оқилонаи сармояро омӯхта, ба хубӣ аз худ карданд. Онҳо хуб медонанд, ки барои боз ҳам рушд кардани иқтисод, молия ва истеҳсолоти ватанӣ зарур аст, ки мактабҳои замонавӣ сохта шаванд, роҳҳо навсозӣ гарданд ва рафтуомади аҳли ҷомеа беҳтару сабуктар шавад.

Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ба истилоҳи замони муосир тоҷике аст, ки дороиҳо ва сармояи худро саховатмандона барои рушди маориф ва дастгирии қишрҳои гуногуни ҷомеа сарф мекунад. Ҳанӯз охири солҳои 90-уми асри гузашта Маҳмудҷон Муродов яке аз аввалин соҳибкорони ватанӣ буд, ки дар пойтахти мамлакат барои бунёд ва фаъолияти Гимназия барои кӯдакони болаёқат саҳм гузошт. Баъдан, Маҳмудҷон Муродов ба чоп ва дастрасии китобҳои дарсӣ барои мактабҳои миёна машғул гардид. Аз ибтидои солҳои 2000 бо амри дил тӯйи суннатии кӯдакон аз оилаҳои камбизоатро ба зимма гирифта, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаҳои хатнасур мегузаронд, ба кӯдакон шодиву хурсандӣ ва туҳфаҳо ҳадя мекард, рӯзгори кӯдакии онҳоро рангин месохт. Тадриҷан доираи амалҳои хайру сахои соҳибкори ватанӣ Маҳмудҷон Муродов васеъ гардид.

Соли 2021 соҳибкори ватанӣ Маҳмудҷон Муродов дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хобгоҳи чорошёнаи Мактаб — интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанберо сохта, ба истифода супорид. Дар баробари сохтмони хобгоҳ ҳамчунин 45 ҳуҷраи хоб ва дигар утоқҳои ёрирасон бо тамоми шароити зарурӣ таъмин карда шуданд.

Соҳибкори ватанӣ Маҳмудҷон Муродов бунёди хобгоҳи чорошёнаро, ки аз он 375 нафар кӯдакони ятим ва бепарастор то ҳоло истифода мебаранд, туҳфа ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номид.

Яке аз дигар амалҳои накӯи Маҳмудҷон Муродов тақдими хонаҳои истиқоматӣ ба хизматчиёни ҳарбии мамлакат, ки шабу рӯз дар ҳифзи манфиатҳои миллату давлат қарор доранд, мебошад. Соли 2020  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», ки роҳбараш Маҳмудҷон Муродов мебошад, дар ҳудуди шаҳри Душанбе бинои 19-ошёнаи муҳташамро бо 591 хонаи истиқоматӣ ба истифода супорид. Дар маросими ифтитоҳи бино, ки бо санъати хоси меъморӣ бунёд шудааст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок намуданд. Бо дархост ва ташаббуси роҳбари ҷамъияти «Сарманзил» Маҳмудҷон Муродов аз ҳамин бинои истиқоматӣ ба 76 корманди қӯшунҳои сарҳадӣ манзили истиқоматӣ тақдим карда шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди ҳуҷраҳои истиқоматиро ба кормандони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда, ба соҳибкори ватанӣ барои ин ҳимматбаландӣ изҳори сипос намуданд.

Дар арафаи 24-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкори ватанӣ Маҳмудҷон Муродов дар ҳудуди Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадӣ бинои таълимӣ ва толори маҷлисро ба маблағи умумии 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бунёд карда, барои истифода ба сарбозони Ватан тақдим кард.


Дар баробари дастгирии сарбозону афсарон, кормандони соҳаи маориф ва тиб Маҳмудҷон Муродов ба шахсони муҳтоҷ низ дасти ёрӣ дароз кардааст. Сокини шаҳри Душанбе Ситора Сафарова, ҳамчунин ду оилаи дорои имконияти маҳдуд ва  3 нафар шахсони  имконияташон маҳдуд Раъно Раҳимова,  Фотима Убайдова ва Зебуниссо Акрам бо дастгирии соҳибкори ватанӣ Маҳмудҷон Муродов дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе соҳиби хона шуданд.

Бори дигар бояд таъкид кард, ки дастгирии маъюбону шахсони имконияташон маҳдуд дар сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат ҷойгоҳи хосса дорад. Ҳамин аст, ки дастгирӣ намудани онҳо аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дастгирӣ аз сиёсати давлатии Ҳукумати мамлакат дониста мешавад.  Ин аст, ки моҳи марти соли 2023 дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни байналмилалии Наврӯз роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил» Маҳмудҷон Муродов ба се ятими кулл аз як оила дар деҳаи Суфиёни ҷамоати Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат манзили нави истиқоматӣ тақдим кард. Манзили истиқоматии 4-ҳуҷрадор бо тамоми таҷҳизоти зарурии муосир барои зиндагӣ таъмин мебошад.

Соҳибкори ватанӣ Маҳмудҷон Муродов барои сарбозон хобгоҳ барои 1000 нафар ва ошхона бо ҳазор ҷойи нишаст бунёд карда, бинои таълимии Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанберо аз ҳисоби фоидаи софи ширкат пурра аз таъмири асосӣ баровард.

Солҳои охир ширкати ватании «Сарманзил» ва роҳбари он, соҳибкори ватанӣ Маҳмудҷон Муродов барои худ анъана ҷорӣ карданд, ки дар рӯзҳои ҷашни Соли нави мелодӣ, солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, Иди Модар,  Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, Истиқлоли давлатӣ ва дигар идҳо ба назди сарбозону афсарони ҳамаи сохторҳои қудратӣ — Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ рафта, бо онҳо суҳбату вохӯриҳо кунанд, бо ҳаёти аскарӣ аз наздик шинос шаванд  ва албатта, дастархони идона ороста, базму тараб ташкил кунанд, руҳияи сарбозону афсаронро баланд бардоранд, ифтихори ватандӯстӣ ва рафтори ҷавонмардиро дар дили онҳо  боз ҳам бештар кунанд.

Айнан чунин амали некро ширкати ватании «Сарманзил» ва роҳбари он Маҳмудҷон Муродов нисбат ба дигар кормандони соҳаҳои маорифу тиб, ҳифзи иҷтимоӣ раво мебинанд.

Магар аз ин дида кори накӯ ҳаст? Зеро дар ҳамин рӯзҳои шодиву хурсандӣ ва дар гирди ҳамин дастархони пурсаховат меҳри одамон ба ҳамдигар бештар мегардад, муҳаббати инсонӣ саршор мешавад. Меҳру муҳаббати инсонӣ маҳаки асосии ватандӯстӣ мебошад.

Шоири классики тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ барҳақ фармудааст:

Ҷавонмардо, ҷавонмардӣ биёомӯз,
Зи мардони ҷаҳон мардӣ биёомӯз.

Воқеан ҳам Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди ҷаҳонӣ аст, ки аз ҷумлаи ҷавонмардони Ватан чун соҳибкори ҳимматбаланд Маҳмудҷон Муродов аз Пешвои миллат дарси ҷавонмардӣ омӯхта, бо роҳнамоиву ҳидоятҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар татбиқи тадбирҳои бунёдкорию ободонӣ ва иқдомҳои хайриявӣ дар пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат пайваста саҳми муносиб мегузорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2024 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд
Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси шарҳи Конвенсияи СММ дар Камбоҷа иштирок дорад