35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан 990 бинову иншоот сохта ва навсозӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 23.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру навсозӣ ва сохтмони 990 бинову иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин давра 553 адади он ба истифода дода шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар натиҷаи тадбирандешиҳо дар нуҳ моҳи соли равон дар шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 153 миллиону 238 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 331 миллион сомонӣ зиёд буда, 140 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар шаҳри Истаравшан 96 корхонаи калону хурди истеҳсолӣ фаъолият мекунанд. Барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби баистифодадиҳии иқтидори нави истеҳолӣ мунтазам чораҷӯӣ карда мешавад.
Дар натиҷаи меҳнати аҳлонаи сокинони шаҳр рушди соҳаҳо таъмин шуда, нақшаи даромади буҷети давлатӣ (бо назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 116,9 фоиз таъмин гардид. Ба буҷет 311 миллиону 77,3 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 67 миллиону 334,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






