5 октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 04.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгорон, ки ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр таҷлил карда мешавад, ҳамоиши тантанавӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш ба як зумра фаъолон ва пешсафони соҳа мукофоту унвонҳои соҳавӣ тақдим мегарданд. Ҳамчунин дар ин рӯз ғолибони озмунҳои соҳавӣ, аз қабили «Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2024» ва «Мураббии соли Тоҷикистон — 2023» ҳавасманд гардонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад, ки имсол он ба 6 октябр рост омад. Бо назардошти баланд будани шаъну эътибори муаллим дар ҷомеа ин ид дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат пуршукуҳ таҷлил мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сипосу эҳтироми бепоён ва ихлосмандии хосса доир ба касби пуршарафи омӯзгорӣ ва рисолати устод дар ҷомеа чунин таъкид доштаанд: «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст. Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бе дареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад».
Истиқлолияти давлатӣ ба фаъолияти омӯзгорон фазои наву мустақилият ворид намуд. Омӯзгорон машғулияти худро бо андешаҳои миллӣ мувофиқ карданд, ки зимни ин барои тарбия ва худшиносии насли наврасу ҷавон имконияти бештар фароҳам омад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






