Бахшида ба Рӯзи соҳибкорон Форуми «STARTUPSTAN-2024» гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 09.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12-13 октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи соҳибкорон (14 октябр) дар доираи Ҳафтаи соҳибкорӣ Форуми «STARTUPSTAN» («Стартапстан») гузаронида мешавад.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳадафи форум тақвияти ҳамкорӣ байни соҳибкорон ва вусъати муколама байни бахши давлатию хусусӣ ва дарёфти имконияти рушди стартапҳо мебошад.
Дар доираи Ҳафтаи соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи соҳибкорон ҷаласаи тантанавӣ доир мешавад. Дар он имконияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ шуда, соҳибкорони муваффақ бо мукофотҳо сарфароз мегарданд. Инчунин намоишгоҳи молу маҳсулоти соҳибкорони ватанӣ ташкил карда мешавад.
Ҳамзамон дар ҳошияи баргузории Ҳафтаи соҳибкорӣ конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Соҳибкорӣ-омили муҳими рушди иқтисоди миллӣ», суҳбат дар мавзуи «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии соҳибкорону сармоягузорон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» гузаронида мешаванд.
Инчунин дар шаҳри Бохтар-маркази маъмурии вилояти Хатлон 17-18 октябр Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон Инвест- 2024» ва намоишгоҳи «Бохтар Фуд-2024» гузаронида мешаванд.
«Стартапстан» лоиҳаи тиҷоратӣ аст, ки ба идея асос ёфта, барои рушд маблағгузорӣ талаб мекунад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






