Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид

Октябрь 4, 2024 16:10

ДУШАНБЕ, 04.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид, ки дар кори  он таҳкими  робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳокима гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Кори ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ нахуст дар доираи   маҳдуд оғоз гардида, сипас бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт.

Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ки таҳти Раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин баргузор гардид, таваҷҷуҳи асосӣ ба иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарони  давлатҳо ва дар ҳамин замина истифодаи пурраи имконияти мавҷуда барои таҳкими робитаҳои дуҷониба равона карда шуд.

Таъкид гардид, ки соли 2023 тибқи маълумот, ҳаҷми гардиши савдо бо Федератсияи Русия 1,7 миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2022  2,4 фоиз зиёд шудааст.

Дар 8 моҳи соли 2024 ҳаҷми савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия беш аз 1,2 миллиард долларро дар бар гирифт, ки суръати афзоиши он 14 фоизро ташкил медиҳад.

Татбиқи лоиҳаҳои зиёди муштарак ва афзуншавии гардиши бор байни ҳарду давлат мисоли равшани рушди робитаҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Русия ба ҳисоб меравад. Дар сурати истифодаи пурраи имконияти мавҷуда метавон робитаҳоро боз ҳам таҳким бахшид.

Бо назардошти ҳамин ҷонибҳо таъмини иҷрои супоришҳо ва мувофиқаҳои байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бадастомадаро муҳим ва ҳатмӣ арзёбӣ намуданд.

Дар ҷаласа иқтисоду сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки коркардкунандаи ашёи хом, энергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, маъдан, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ беҳтарин самту соҳаҳои таҳкимбахшандаи ҳамкорӣ дониста шуданд.

Рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Русия дар афзалияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ҳамчунин дар ин рӯз барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва саноат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Дар охири кори ҷаласа санади нави дахлдор  ба имзо расонида шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 4, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд