БАДАХШОН-МИНТАҚАИ САЙЁҲӢ. Ҷаҳонгардон дилбастаи табиати нотакрори ин гӯшаи зебои Тоҷикистон гаштаанд

Октябрь 12, 2024 10:25

ДУШАНБЕ, 12.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо табиати зебо, манзараҳои дилфиребу нотакрор, обҳои зулол, ҳавои тоза, меваҳои шаҳдбор, кӯҳҳои сарбафалаку барфпӯш, мардумони самимию меҳмоннавоз ва этнографияи беамсолаш таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ ҷалб намудааст. Дар ин минтақа барои рушди сайёҳӣ шароиту имконияти хуб муҳайё гардидааст.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 635 ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ, 41 ширкати сайёҳӣ, 78 меҳмонхона, 17 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 27 тарабхона ва ошхона, 12 осорхона, 76 гостелу ҳотелҳо ва 11 мағозаи армуғонҳо мавҷуд ҳастанд, ки имрӯзҳо ба сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ хизмат мерасонанд.

Бадахшонро бо кӯҳҳои сарбафалакаш Боми ҷаҳон меноманд, ки дар дунё яке аз машҳуртарин қитъаҳои кӯҳнавардӣ ва алпинизми байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамасола сайёҳони зиёди кӯҳнавард ин қуллаҳои барфпӯши зеборо тамошо менамоянд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нодиртарин ҳунарҳои мардумӣ, анъанаю суннатҳои халқӣ, ҳунарҳои мухталиф ва маҳсули рангоранги дастии занон, либос, анвои таомҳои миллӣ ва ойинҳои зеботарину ҷолибтарин маҳфуз мондаанд, ки барои ҳар меҳмони хориҷӣ қобили таваҷҷуҳ мебошанд.

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи сайёҳии вилоят имконияти бештар фароҳам овард. Кумакҳои бесобиқа ва маблағҳои зиёде, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо раҳнамоӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат барои Бадахшон ҷудо мешаванд, дар муддати кӯтоҳ симои вилоятро ба куллӣ дигар намуда, шароит ва сатҳи зиндагии ин мардуми кӯҳистонро баланд бардоштанд.

Ташрифи зиёди сайёҳон аз Аврупо, Осиё, Амрико ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Бадахшон далели он аст, ки ин минтақаи мамлакат барои сайёҳони хориҷӣ хеле ҷолиб мебошад.

Ба ин ҷо асосан нафароне меоянд, ки сайёҳии экологиро меписанданд. Онҳо алоҳида-алоҳида ё ду-сенафара бо дучарха саёҳат мекунанд. Дар баробари ин, ҳамасола дар Тоҷикистон Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ баргузор мегардад, ки зимни он кӯҳнавардон аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон ба қуллаҳои баландтарини Бадахшон мебароянд.

Ҳамасола сайёҳону кӯҳнавардони зиёд қуллаҳои Исмоили Сомонӣ, Истиқлолият, Корженевский, Абуалӣ ибни Сино, пиряхҳои Ванҷях, Хирсон, кӯлҳои Қаракӯл, Сарез, Яшилкӯл, Бурункӯл, чашмаҳои шифобахши Ҷелондеҳ, Гармчашма, Авҷ, Бибӣ Фотимаи Заҳро, Модиён, Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мамнуъгоҳи «Зоркӯл» ва боғи ботаникии Помирро тамошо менамоянд.

Яке аз мавзеъҳои ҷолиб «Гармчашма» мебошад, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам машҳур аст. Тибқи маълумот, чашма асрҳо боз мавҷуд аст. Ҳарорати об дар дохили ҳавзҳо аз +38 то +500С аст. Оби сулфиди ангидриди карбони «Гармчашма» барои табобати бемориҳои пӯст ба таври илмӣ исбот шудааст. Он дар қисмати ҷанубу ғарбии вилоят, 45 км дуртар аз шаҳри Хоруғ, дар баландии 2325 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Сокинони маҳаллӣ оби чашмаро муқаддас мешуморанд, зеро хусусияти табобатии он аз замонҳои қадим маълуму машҳур аст.

Мавзеи дигари аҷибу ҳайратангези минтақа, ки ҳамасола барои дидани он сайёҳони зиёд аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ба ин ҷо меоянд, Боғи миллии Тоҷикистон мебошад. Боғи миллӣ яке аз минтақаҳои калонтарини ҳифзшавандаи табиӣ дар мамлакат ва Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Масоҳати он 2,6 миллион гектар буда, 18 дарсади масоҳати умумии Тоҷикистон ва 60 дарсади ҳудуди вилоятро фаро мегирад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи таҳқиқоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, ин вилоят барои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ва инкишофёбанда муаррифӣ шудааст.

Аз ҷумла, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Бадахшони Тоҷикистон ба рӯйхати «100 самти беҳтарин пешоҳанги глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2019» дохил гардидаанд. Соли 2016 шоҳроҳи Помир аз тарафи National Geographic дар рӯйхати ҷойҳои аз ҳама ҷолиби ҷаҳон барои саёҳат дар мақоми дуюм қарор гирифта буд. Ин баҳогузории ташкилоти ҷаҳонии сайёҳӣ на танҳо мояи ифтихори мо аст, балки омили ҷалби ҷаҳонгардони хориҷӣ ба Бадахшон низ мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 12, 2024 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид