Байни Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК Созишномаи қарзӣ барои татбиқи лоиҳаи «НБО Роғун» ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 11.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК Созишномаи қарзӣ ба имзо расид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 10 октябр дар ҳошияи сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода ба шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия дар қароргоҳи Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) маросими баимзорасонии марҳилаи аввали Созишномаи қарзӣ оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК барои татбиқи лоиҳаи «НБО Роғун (Лоти 4)» дар ҳаҷми 25 миллион доллари амрикоӣ баргузор гардид.
Созишномаро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Президенти Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа ба имзо расониданд.
Бояд гуфт, ки маблағи умумӣ аз ҷониби Хазинаи ОПЕК барои ин лоиҳа 100 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, тавассути 4 марҳила, дар доираи созишномаҳои алоҳида дар ҳаҷми 25 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад.
Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа саҳм гузоштан ба амнияти энергетикӣ ва рушди иқтисодии ҷумҳурӣ тавассути афзоиши истеҳсоли неруи барқ бо мақсади таъмини бозори дохилӣ ва содироти он ба мамлакатҳои минтақа мебошад.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд






