«Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид

Октябрь 3, 2024 09:33

ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он «Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид.

Тавре дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, «Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» барои рушду такомули соҳаи театрӣ ва ҳалли маҷмуи мушкилоти мавҷудаи соҳа заминаи мусоид фароҳам меорад. Барнома бо мақсади ҳифз ва рушди анъанаҳои театрӣ, драматургияи муосир ва намоишҳои нав, ҷалби тамошобинон, баланд бардоштани нақши санъати театрӣ дар ҳаёти фарҳангӣ ва омода кардани кардҳо дар самти театр дар дохил ва хориҷи мамлакат амалӣ мегардад.

Ҳамчунин бо татбиқи ин барнома то соли 2029 соҳаи санъати театрӣ бештар тарғибу ташвиқ гардида, заминаи моддию техникии муассисаҳои театрӣ таъмин мешавад. Инчунин барои рушди фаъолияти театрӣ ва афзудани сафарҳои ҳунарии театрҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Дар доираи ин барнома фаъолияти 17 театр дар мамлакат ба назар гирифта мешавад.

Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 18 театри касбӣ амал мекунад, ки талаботи фарҳангии аҳолиро қонеъ гардонида, дар маҷмуъ барои рушди маънавиёт ва фарҳанги аҳли ҷомеа хизмат мерасонанд. Ин театрҳо санъати миллии моро дар хориҷи мамлакат муаррифӣ менамоянд. Новобаста ба ин дар фаъолияти театрҳои ҷумҳурӣ баъзе камбудиҳо ба чашм мерасанд. Заминаи моддию техникии театрҳо кӯҳна шуда, технологияҳои навтарини саҳнавӣ дар сатҳи зарурӣ амалӣ намешаванд.

Бояд гуфт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 декабри соли 2012 «Барномаи рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019» қабул ва амалӣ гардид. Ин барнома фаъолияти 6 театрро дар бар мегирифт.

Фарҳанг дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи калидӣ дорад. Аз ин ҷост, ки дар ҷумҳурӣ ба ҳунар, хосса ба санъати театрӣ диққати махсус дода мешавад.

Дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе сохтмони яке аз бузургтарин театр дар минтақа–Театри миллӣ идома дорад. Хишти нахустини он аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2015 гузошта шуда буд. Бинои Театри миллӣ аз ду ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд.

Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои сершумори дигар иборат мешавад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар яке дорои 1200 ва дуюмӣ 1000 ҷойи нишаст мебошанд. Баландии толори асосӣ 16-18 метр, дарозию паҳноии саҳнааш 30х21,6 метр буда, ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлуӣ, саҳнаи пушт, утоқҳои тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар ошёнаҳои болоии театр толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, толорҳои тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир мешаванд.

Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои қариб 250 мошин таваққуфгоҳ ва утоқҳои зиёди техникию ёрирасон сохта мешаванд. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ ва дигар шабакаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 3, 2024 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад