Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзуи муқовимат бо коррупсия ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 12.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Муқовимат бо коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар шароити таҳкими давлатдории миллӣ»-таҳти ин унвон 10 октябр ҳамоиши муштараки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки амалҳои коррупсионӣ ба рушди давлатҳо зарари ҷиддӣ мерасонанд ва монеаҳои гуногун ба вуҷуд меоранд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ин гуна амалҳои носазо якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расонидааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз ин ҷумла аст.
Дар Тоҷикистон мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад мақомоти дахлдор таъсис шуда, ҳуҷҷатҳои муҳим оид ба мубориза бо коррупсия таҳия ва қабул гардидаанд. Пас аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар ин самт ҷумҳурии мо беш аз 20 санади меъёриро, ки асосҳои ташкилию ҳуқуқии муқовимат бо коррупсияро дар бар мегиранд, қабул намудааст.
Дар ҷамъомад доир ба ҳадафҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, муқовимат ба коррупсия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикоррупсионӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон изҳори андеша гардид.
Ба ҳолатҳои коррупсионӣ гирифтор шудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар паст будани маърифати ҳуқуқии он мебошад. Яке аз ҳадафҳои Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- ин пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон








Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






