Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои мубрами китобноманигорӣ машғулияти илмӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами китобноманигорӣ дар даврони истиқлол» машғулияти илмӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишкадаи мазкур.
Ректори донишкада, профессор Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус азму талошҳои пайгиронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китобу китобдории тоҷик такони бузург бахшид. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат як қатор қонуну барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки дар рушди соҳаи китобдорӣ нақши бузург гузоштанд. Махсусан, дар соҳаи библиография дар самти таҳияи дастурҳои библиографӣ як такони ҷиддӣ дида мешавад.
Декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Зафари Шариф таъкид намуд, ки «таҳия ва истифодабарии дастурҳои библиографӣ дар китобхонаҳо, махсусан китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ яке аз мавзуъҳои муҳими назарияи библиографишиносӣ ба шумор меравад. Хизматрасонии иттилоотию библиографӣ дар китобхонаҳои давлатӣ — оммавӣ ҷиҳати баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, фарҳанг, илм ва ҷаҳонбинӣ ниҳоят муҳим мебошад, ки бе истифодаи васеи дастурҳои библиографӣ дар фаъолияти ин китобхонаҳо ба ҳадаф ноил гардидан амрест маҳол»
«Аз ин рў бояд ба масъалаҳои таҳия ва истифодабарии дастурҳои библиографӣ дар китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ ҷиддӣ муносибат намуд», — афзуд номбурда.
АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода








Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд






