Дар Душанбе Ҷаласаи IX Шурои роҳбарони хадамоти пенитенсиарии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи IX Шурои роҳбарони хадамоти пенитенсиарии* (иҷрои ҷазо)-и кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ оғоз намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Беларус, Русия, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Маркази зиддитеррористӣ ва Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил иштирок доранд.
Дар чорабинӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтани масъалаҳои мубрам вобаста ба ҳамкорӣ ва рушди хадамоти пенитенсиарии давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар назар дошта шудааст.
Хадамоти пенитенсиарӣ (ҷиноятӣ-иҷроӣ) аз калимаи лотинии poenitentia «пушаймонӣ» гирифта шуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дастгоҳи маҷбуркунандаи давлатиест, ки барои иҷрои ҷазоҳои ҷиноятие, ки тибқи қонун ба шаҳрвандон таъйин карда мешаванд, масъул аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид






