Дар Душанбе ҷаласаи Шурои кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайати намояндагони соҳаи кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи Шурои кор бо ҷавонони давлатҳои ин иттиҳод доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Пеш аз оғози ҷаласа ҳайати иштирокчиён гӯшаи намоишгоҳи дастовардҳои эҷодӣ ва илмиву техникии ҷавонони тоҷикро тамошо намуданд.
Зимни ҷаласа Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро неруи тавоною созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад. Ҳамзамон ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф намудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи кадрҳои ҷавон барои ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи мутахассисони ҷавон ва беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоиву иқтисодии онҳо пайваста кӯшиш дорад. Дар ин росто, амаӣ намудани ҳамкорӣ барои рушди зеҳнии ҷавонон, ҷалби онҳо ба илм ва азхудкунии техникаву технологияҳои муосир яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.


Дар ҷаласа масъалаҳои беҳтар намудани сиёсати кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва амалӣ намудани ҳамкории мутақобили судманд бо созмону ташкилоти ҷавонони ин иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шурои кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 29 то 31 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе доир шуда, дар он намояндагони созмонҳои ҷавонон аз давлатҳои иттиҳод масъалаҳои муҳими рушди сиёсати ҷавонон, табодули таҷриба ва таҳкими робитаҳои фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Иштирокчиёни ҷаласаи Шурои кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар оянда байни ҳам табодули афкор намуда, барои идомаи ҳамкорӣ дар доираи соҳаи кор бо ҷавонон бо кишварҳои ин иттиҳод изҳори омодагӣ менамоянд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд






