Дар Душанбе барои таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
ДУШАНБЕ, 25.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Ба ин муносибат дар ноҳияҳои шаҳр маҷлисҳои тантанавӣ ва дар Боғи Парчами давлатӣ ҷамъомади фарҳангӣ баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами миллии Тоҷикистон қабул гардид, ки имсол ба қабули он 32 сол пур шуд.
Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман таҷлил мешавад.
Парчами давлатии Тоҷикистон аз се ранг — сабз, сафед ва сурх иборат буда, ранги сабз — сарсабзӣ, сафед- роҳи сафед, хушбахтӣ, иқболи наку ва ранги сурх- озодӣ ва мустақилиятро ифода менамояд. Парчам дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ- Конститутсия, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатдорӣ мебошад, ки далели ҳастии миллат ва давлати воҳид мебошад.
Соли 2011 бо ташаббусу роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон, ки баландии сутунаш 165 метр мебошад, барафрохта шуда, ба Китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






