Дар Душанбе доир ба рушди инноватсионии илм конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд

Октябрь 14, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 14.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи рушди инноватсионии илм конференсияи 3-юми байналмилалии илмӣ баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, конференсия ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) бахшида шуд.

Зимни конфронс олимону муҳаққиқон аз Амрико, Фаронса, Италия, Олмон, Эрон, Туркманистон, Покистон, Русия, Казоқистон ва Узбекистон иброз намуданд, ки  бе рушди инноватсия ва технологияҳои муосир расидан ба ҳадафҳои илмӣ ғайримкон аст.

Ёдоварӣ шуд, ки Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду тараққии соҳаи маориф ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҷумҳурӣ «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»-ро барои солҳои 2020-2040 эълон намудаанд.

Қабул ва амалӣ намудани барномаҳои махсус дар самти рушд ва пешрафти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои дастгирӣ ва рушди таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ барои гузаронидани таҳқиқоти озмоишӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои тарбияи кадрҳои илмӣ, фароҳам овардани шароит барои зиёд намудани донишу неруи ақлонии инсонӣ ва вусъат бахшидан ба ҳамкории байналмилалии илмӣ мусоидат менамояд.

Дар конференсия олимон доир ба самтҳои илмҳои технологияҳои нав, тиб, дорусозӣ, иқтисодиёт ва технологияҳои компютерӣ маъруза намуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

 

Октябрь 14, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд