Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 11.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баргузор шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни машваратҳои сиёсӣ атрофи масъалаҳои вобаста ба тамосҳои сиёсӣ, таҳкими пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду мамлакат, татбиқи имконияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор доир шуд.
Инчунин ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва Туркия мубодилаи афкор карданд. Саҳми машваратҳои сиёсӣ дар густариши ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баланд арзёбӣ гардида, ҷонибҳо омодагиашонро ба таҳкими бештари муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо губернатори Маномаи Подшоҳии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд






