Дар Душанбе Симпозиуми байналмилалии «Саҳми Абунасри Форобӣ дар илм ва тамаддуни ҷаҳон» баргузор шуд

Октябрь 17, 2024 18:50

ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии «Саҳми Абунасри Форобӣ дар илм ва тамаддуни ҷаҳон» баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки Абунасри Форобӣ аз бузургони фалсафа ва донишмандони асримиёнагӣ, намояндаи мактаби машшоияи шарқӣ буда, ақидаҳо, назарияҳо ва консепсияҳои илмии ӯ гуногунҷанба ҳастанд.  Бо вуҷуди ин, донишмандони ватанӣ ва хориҷӣ барои  таҳқиқи масъалаҳо ва нуктаҳои норавшани таълимоти Форобӣ таҳқиқоти бунёдӣ анҷом медиҳанд. Ва ба ин васила, аз як тараф, дар рушди илмҳои гуногуни табиатшиносӣ ва инсоншиносию ҷомеашиносӣ саҳм мегузоранд ва аз тарафи дигар, насли имрӯзаро аз афкори пешқадами мутафаккироне, ба мисли Абунасри  Форобӣ воқиф мегардонанд.

Симпозиум дар ду бахш: «Даврон ва муҳити маънавии Абунасри Форобӣ» ва «Саҳми  Абунасри Форобӣ дар рушди илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ. Абунасри Форобӣ ва даврони муосир» доир шуда, дар он зиёда аз 60 маъруза баррасӣ гардид.

Дар симпозиум муҳаққиқон аз Фаронса, Русия, Узбекистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Октябрь 17, 2024 18:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд