Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид

Октябрь 2, 2024 18:41

ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода оид ба таърихи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд маълумот пешниҳод намуд.

Изҳор гардид, ки забони ноби модарии мо, бешак, шиносномаи ҳастии ин миллати куҳан ва муқаддастарин осори миллии мо мебошад, ки давоми садсолаҳо дар қисмати бузурге аз қитъаи азими Осиё аз ҳастии миллати тоҷик дарак дода, то замони мо асолату покизагӣ ва ширинию шевоии худро нигоҳ доштааст.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар мавзуи «Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон» маъруза намуда, аз саъю талошҳои фидокоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди забони тоҷикӣ ёдовар шуд.

Таъкид гардид, ки барои давлатҳои миллӣ забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии нигоҳдошти он мебошад. Агар давлат ба ин арзиш эҳтиром нагузорад, шикасти он ногузир аст. Дар ин раванд саҳми бузургони миллат – устод Рӯдакӣ, устод Айнӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар бузургони халқи тоҷик беназир аст.

Зимни пешниҳоди маърузаҳо дар мавзуъҳои «Устод Рӯдакӣ ва устод Айнӣ – шоҳсутунҳои забони тоҷикӣ» ва «Забон – оинаи рӯзгори миллат» ҷанбаҳои гуногуни забони тоҷикӣ баррасӣ карда шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 2, 2024 18:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд