ДАР РАҲИ МАЪНӢ РАФИҚЕ БЕҲТАР АЗ УСТОД НЕСТ. Эҳдо ба Рӯзи омӯзгорон
ДУШАНБЕ, 06.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар мамлакат Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили ин сана баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа мебошад. Зеро муаллим тарбиятгари инсон, чароғи раҳнамо ба сӯи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ мебошад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, инсонро аз хурдӣ тарбия менамоянд ва илм меомӯзонанд, ки ин чандон кори осон нест.
Вобаста ба нақши омӯзгор дар ташаккули маънавиёти инсон шахсиятҳои муваффақи мамлакат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» андешаҳои хешро баён доштанд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода:
— Барои амалӣ гардидани ҳадафҳои инсоният дар зиндагӣ, рушду инкишоф ёфтани тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим дар ҷаҳон ва муҳимтар аз ҳама, барои равонаи роҳи рост гардидану соҳиби зиндагии арзанда шудани ҳар инсон омӯзгор нақши калидӣ дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти омӯзгорон чун иршодгар ва машъалафрӯзони роҳи фардои миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, меҳнату заҳмати онҳоро ҳамеша қадрдонӣ менамоянд.
Давоми 33 соли Истиқлоли давлатӣ бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат зина ба зина мақому манзалат ва нақши омӯзгорон боло рафта, барои беҳтар намудани фаъолияти кории онҳо заминаҳои моддию техникӣ фароҳам гардидаанд. Зимни суханронӣ ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш (01.09.2024) Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи эҳтиром ба омӯзгорон чунин иброз доштанд: «Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад». Сарвари давлат ҳамчунин изҳор намуданд, ки «агар мо хоҳем, ки дар оянда миллати босаводу пешрафта бошем, давлати аз лиҳози илмӣ ва техникиву технологӣ тараққикарда дошта бошем ва сатҳи зиндагии ҷомеаро бамаротиб баланд бардошта тавонем, бояд масъулият ва сатҳи касбияти омӯзгоронро баланд бардорем».
Бо ин ҳадаф Пешвои миллат ба мақомоти дахлдор дастур доданд, ки дар муддати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Албатта, қабули чунин қонун марҳилаи навинеро дар ҳаёту фаъолияти омӯзгорони мамлакат ифтитоҳ менамояд, марҳалае, ки ба бештар боло рафтани мақому мартабаи омӯзгорон ва эҳтирому арҷгузории онҳо мусоидат хоҳад кард. Ин гуна омӯзгорони сарбаланду маърифатгустари моро фардои боз ҳам дурахшону фараҳбор ва пурнишот интизор аст.
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: Аз қадимулайём қадру қимати устод, муаллим ва омӯзгор дар тамоми дунё хеле баланд аст, хусусан дар байни мардуми тоҷик омӯзгор нақши барҷаста дорад. Зеро вазифаи аввалиндараи ӯ тарбияи инсон аст. Тамоми бузургони дунё: олиму файласуф, муҳандису барқчӣ, табибу нозир, шоиру нависанда ва ҳатто кайҳоннавардон зери тарбияи омӯзгор ба камол расидаанд. Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Бахусус, таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф равона гардида, омӯзгорро дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи хеш қарор додаанд.
Мисоли равшан он аст, ки дар ҷумҳурӣ маблағгузорӣ аз ҳама зиёд ба соҳаи маориф равона шудааст. Тавре аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бармеояд, агар соли 2000 ба соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда соли 2005 ба 253 миллион, соли 2010 ба зиёда аз 1 миллиард, соли 2015 ба 2,5 миллиард, соли 2020 ба 5,5 миллиард ва соли 2024 ба 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 5,7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 18,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Ин ҳама нишонаи арҷу эҳтиром нисбат ба омӯзгор ва баланд гардидани обрӯи ӯ дар ҷомеа аст. Сарвари давлат дар ин суханронӣ таъкид намуданд, ки бояд ба кори муаллим, омӯзгор касе дахолат накунад, зеро тафтиши барзиёди ниҳодҳое, ки ба мактаб рабт надоранд, метавонад баръакс, ба фаъолияти омӯзгор халал ворид созад.
Муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон : Ҳеҷ кас худ аз худ фавқулода олиму доно, оқилу фозилу тавоно, соҳибхираду соҳибмансаб, донишманду илмдӯст ба дунё намеояд. Танҳо муаллим, омӯзгор, тарбиятгар аст, ки бо заҳматҳои пайваста, азхудгузаштанҳову фидокориҳои бемисли худ шогирдонро ба камол мерасонад, илму дониш, фазлу маьрифат, шуҷоату матонат меомӯзонад, сабақи одаму одамгарӣ, хайрхоҳию хайрандешӣ, накӯкориву инсонпарастӣ, меҳрварзӣ ва дар замиру қалби инсон ҷойгузинии муҳаббат ба Модар, садоқат доштан ба Ватан, зодгоҳу диёрро меомӯзонад.
Бесабаб нест, ки хизмати муаллимро барои инсон аз хидмати волидайн хам болотар мегузоранд. Тавре муаллими ахлоқи башар Шайх Саъдии бузургвор мефармояд :
Қадри устод аз падар беш аст,
В — аз падар устод дар пеш аст.
Мегӯянд, ки Арасту Искандарро аз хурдӣ тарбия дод. Боре дар симои вай бузургию шуҷоат ва ҷаҳонкушоиро дида, аз шогирд суол кард: — Агар рӯзе ба мақоми подшоҳӣ бирасӣ, бо ман чӣ гуна муносибат хоҳӣ кард? Искандар чунин посух дод: Агар подшоҳи тамоми олам шавам хам, ту Устод ҳастиву ман шогирд. Аз ин суолу ҷавоби кӯтаҳ метавон ҳазор маънӣ дарёфт ва яқинтаринаш ҳамин аст, ки ҷойи устод дар камолоти инсони асил ва одамизодаи пок ҳамеша аз ҳама боло буду мемонад. Ҷойи устод ва мақоми вай бебаҳо аст. Омӯзгор шарафмандтарин, маҳбубтарин шахси олам аст, ки донишу заковат, гармию ҳарорати дили худро ба шогирдон, фарзандони мардум мебахшад ва хешро аз ин хушбахт мешуморад. Соҳибназаре гуфтааст: «Муаллимӣ шуғл нест. Муаллимӣ ишқ аст. Агар онро ба унвони шуғл қабул кардӣ, раҳояш кун, агар чун ишқ- муборакат бод!».
Хушбахтона, дар ҷомеаи мо сафи чунин омӯзгорони асилу босадоқат хеле зиёд аст, ки бо маънои том ошиқи касби хеш ҳастанд ва дар ин ҷодаи пурифтихору заҳматталаб бо нафаси тоза ва сабру тамкину таҳаммул барои таьлиму тарбияи насли солиму фардосоз ва такомули фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ранҷи фаровон мекашанд.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мамлакат Маликшо Неъматзода: Бояд пеш аз ҳама, дар хотир дошт, ки барои рисолати омӯзгориро бар дӯш доштан шахс бояд донишу ақлу заковати зиёд ва хату саводи баланд дошта бошад. Аз ин хотир ҳар кас наметавонад омӯзгор бошад, зеро устод дар ҷомеа рисолати хеле бузург дорад. Маҳз хислатҳои инсонӣ аз хурдтарин одобу рафтор, гирифтани дониш, баъдан дар чорчӯбаи ҳаёт роҳи худро пайдо кардан ва баъдан дар ҷомеа шахси муҳиму зарурӣ шуданро маҳз омӯзгор тарбия мекунад. Мо дар симои муаллим қаҳрамонони аввалини худро мебинем, аз тарзи одобу рафтор ва дониши онҳо лаззат мебарем. Ҳар чизе, ки дар ҳаёти инсон роҳнамо мешавад, аз ҷониби устод мешавад. Ман низ ба ҳайси як фарзанди ин сарзамин ифтихор аз он мекунам, ки беҳтарин омӯзгорону муаллимон ба ман дарс гуфтаанд. Маҳз муаллими забону адабиёти тоҷики Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Восеъ Хайрулло Аҷиков буд, ки дар давраи хонанда буданам 1500 китоб хондам. Ҳамон роҳнамоиву таълим, дониши баланду тарбияи неки устод маро хислатҳои неки инсонӣ омӯхт. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки нақши омӯзгор дар тарбия ва маънавиёти инсон басе бузургу аввалиндараҷа аст.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода:
— Пешаи омӯзгорӣ чун қуллаи нурафкане аст, ки тамоми касбу вазифаҳои олам аз он ибтидо мегиранд. Омӯзгор бо заковати баланди хеш ақлҳоро тасхир намуда, дилҳоро дар роҳи илму ҳунар ба шӯру шавқ меорад ва ба дидагони ҳар мутахассиси ояндаҷӯ нуру зиё мебахшад. Воқеан, касби омӯзгорӣ ба маънои томаш пешаи басе пуршараф, масъулиятнок ва зарурии ҷомеа аст, зеро агар инсоният бо ақлу заковат ва заҳмати худ табиатро тағйир диҳад, муаллим бо донишу маҳорати волои хеш табиати худи инсонро ташаккул медиҳад. Тавре маълум аст, пойдорӣ ва устувории ҳар ҷомеа аз сиришту солимии наслҳои барумандаш вобаста мебошад. Зеро танҳо наслҳои ҷавону солимфикр, соҳибмаълумоту дорои ҷаҳонбинии комил метавонанд киштии миллатро бе каҷравӣ рост ба сӯи соҳили матлаб биронанд. Сиришти чунин наслҳои олимақом аз бисёр ҷиҳат ба заҳмати фидокоронаи муаллимони олиқадр вобаста аст.
Дар такя ба сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон иброз намуд, ки воқеан имрӯз омӯзгорон дар рушду нумӯ ва иқтидору устуворгардонии давлат нақши бағоят бузург доранд. Метаввон гуфт, ки пешаи омӯзгорӣ таъмингари шуъои илму маърифати ҷомеа аст.
Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Муҳриддин Низомӣ: Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст. Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Ӯ донишу заковат ва гармии дили худро бе дареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва ин рисолатро бо хушнудӣ анҷом медиҳад. Дар ин маврид Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «дар сурати заҳмати дилсӯзонаву содиқонаи омӯзгор наслҳое ба воя мерасанд, ки давлату миллат ба шарофати фаъолияти онҳо боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб баланд мегардад».
Таҷлили Рӯзи омӯзгор дар мамлакат нишони он аст, ки роҳбарияти олии мамлакат ба омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дорад ва нақши онҳоро дар ба камол расидани насли оянда муҳим медонад.
Дарвоқеъ бояд иброз дошт, ки омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки ин чандон кори осон нест. Тавре Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ситоиши омӯзгор гуфтааст:
Баланд аст аз фалак шони муаллим,
Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим.
Набошад неъмате дар ҳар ду олам
Ҳалол аст пораи нони муаллим.
Бидон инро, ки виҷдони ҳама халқ
Бувад аз рӯйи виҷдони муаллим.
Агар фардои меҳанро биҷӯйӣ,
Биёб аз файзи эҳсони муаллим.
Агар армони меҳанро бихоҳӣ,
Бидон аввал ту армони муаллим.
Каму беши замонро рост кардан
Тавон танҳо ба мизони муаллим.
Куҷо ояндаи рӯшан тавон дид,
Набошад нури чашмони муаллим.
Ягон ҳосил ба хоки мазраи таб,
Магар рӯйида бе дони муаллим?
Бидон парвозгоҳи миллати мо
Бувад дар рӯйи дастони муаллим.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»