Дар Суғд истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беш аз 20 миллиард сомонӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 26.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар 9 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 20 миллиарду 360,7 миллион сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 113,5 фоиз таъмин гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар ин давра ба миқдори 284,7 ҳазор тонна орд, 3493,6 тонна равғани растанӣ, 3976,7 тонна маҳсулоти макаронӣ, 33411,9 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 35196,7 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 14712,8 ҳазор декалитр нӯшокиҳои бе спирт истеҳсол гардидаанд. Ҳамзамон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 суръати афзоиши истеҳсоли орд 130 фоиз, равғани растанӣ 116,5 фоиз, маҳсулоти макаронӣ 181,4 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 121,3 фоиз, консерваҳо 104,6 фоиз ва нӯшокиҳои бе спирт 130,5 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин ба миқдори 1551,1 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 суръати афзоиш 140 фоизро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар вилоят 1198 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 37 корхонаи хизматрасонии саноатӣ ва 1161 корхонаи истеҳсолӣ сабти ном гардидааст.
АКС аз бойгонӣ








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд






