Дар Тоҷикистон беш аз 7696 тонна ғалладонагӣ захира гардидааст
ДУШАНБЕ, 23.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то аввали моҳи октябри имсол дар ҷумҳурӣ 7696,2 тонна зироати ғаладонагиҳо захира гардидааст.
Аз маҳсулоти ғалладонагии захирагардида 7335,7 тоннаро гандум, 0,2 тоннаро ҷавдор ва 359,7 тоннаро ҷав ташкил медиҳад. Инчунин то ин сана 122,9 тонна ҷуворимакка барои дон, 169,4 тонна картошка ва 3694,3 тонна сабзавот, ки 22,5 тоннаи он сабзӣ ва 3671,8 тоннааш бехпиёз мебошад, захира гардидаанд.
Дар баробари захираи дигар маҳсулоти хӯрокворӣ мевагиҳо низ дар сардхонаҳои махсус нигоҳдорӣ мешаванд. То моҳи октябри имсол 168,6 тонна мевагӣ, аз он 85,0 тонна ангур захира шудааст.
Яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар мамлакат орд мебошад. Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, 1626,2 тонна орд, 199,1 тонна равғани растанӣ, 484,8 тонна шакар, 229,6 тонна биринҷ ва 1691,6 ҳазор қуттии шартӣ ҳама намудҳои консерва захира гардидааст.
Ба андешаи таҳлилгарони иқтисодӣ, доштани захираи маҳсулоти ғизоӣ на танҳо фоиданок, балки зарур аст. Инчунин захираи маҳсулот ба таъмини амнияти озуқавории сокинон равона мегардад. Дар сурати кам гардидани маҳсулот тавассути ташкил намудани намоиш-фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ камчинии маҳсулот аз байн рафта, нархҳо низ ба танзим медароянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки ҳар оилаи мамлакат бояд то ду сол маводи зарурии ғизоӣ захира намояд.
20 октябри соли равон Сарвари давлат дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон иброз доштанд, ки «ман солҳои зиёд инҷониб дар бораи захира кардани маводи ғизоӣ дар ҳар оила барои на камтар аз ду сол таъкид менамоям. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки нисбат ба ин масъала муносибати бисёр ҷиддӣ намоем».
АКС: АМИТ «Ховар








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






