Дар вилояти Хатлон 44 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ мешавад
ДУШАНБЕ, 15.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон 44 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағи зиёда аз 1,2 миллиард доллар татбиқ мегардад.
Тавре дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, маблағҳо ба хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, обёрӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, нақлиёт, экология, ҳодисаҳои фавқулода ва сайёҳӣ равона гардидаанд.
Яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисоди мамлакат ва амалишавии ҳадафҳои стратегӣ- ин ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохилию хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад.
Дар вилоят барои ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳо андешида мешаванд. Дар нуҳ моҳи соли равон 5,9 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 4,1 миллион доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар «Тоҷикаэронавигатсия» масъалаи муқовимат ба коррупсия баррасӣ карда шуд
Барои татбиқи лоиҳа оид ба ҷорӣ намудани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар Хатлон созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд
Дурнамои ҳамкории иқтисодӣ ва афзоиши гардиши савдои Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ бо сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН. Чӣ бояд кард, то дар бозорҳо анори тоҷикӣ фаровон гардад?
Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб навсозӣ мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат густариш меёбад
Данғара – Гулистон — аввалин роҳи мошингарди Тоҷикистон, ки бо тарҳи «роҳҳои сабз» навсозӣ мешавад
Беш аз 22 фоиз сармоягузории ба рушди Шабакаи нақлиётии АвруОсиё равонашуда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рост меояд
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мегардад
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш меёбад






