ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Ронандагон бо доштани чипи RFID аз кадом имтиёзҳо баҳраманд мегарданд?

Октябрь 9, 2024 13:30

ДУШАНБЕ, 09.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Танзимгар оид ба  нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи мошингарди Душанбе-Чанок-филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро бобати  беш аз пеш маъмул гардидани пардохти ғайринақдӣ тавсеа бахшида, барои пардохти ғайнинақдӣ шумораи дорандагони кортҳои пардохтӣ ва RFID (чипе, ки онро дар пештоқи оинаи автомобил насб карда, бе таваққуф плазаро гузаштан имконпазир аст)-ро бештар гардонидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин ширкат хабар доданд.

Бо шарофати тадбирандешиҳои бетаъхир пардохти ғайринақдӣ вусъат ёфта, мутаносибан  ба 13 308 ва 46 821 нафар  расидани теъдоди дорандагони кортҳои пардохтӣ ва RFID далели  ин гуфтаҳо аст.

Аз  тасвиби Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» як солу ду  моҳ сипарӣ гардид.  Тибқи фармон, аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, инчунин қабули маблағ аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ ба тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад.

Дар ин замина, тибқи иттилои ширкат, то тасвиби ин фармон нишондиҳандаҳо дар ин роҳ чанд маротиба кам буд.

Арзонтар будани маблағи гузариш аз плазаҳои толлингӣ нисбат ба пардохти нақдӣ,  ройгон пешниҳод намудани  RFID, кортҳои пардохтӣ  ва зиёд намудани хатсайрҳои экспресс корҳои дар робита ба ин масъала амалигардида маҳсуб мешаванд.

Дастрасӣ ба ин хизматрасонӣ  дар муддати кӯтоҳ имконпазир буда, шаҳрвандонро мебояд нусхаи шиноснома, нусхаи РМА  (ИНН), нусхаи шиносномаи техникии автомобил, нусхаи ваколатномаро (агар воситаи нақлиёт таҳти соҳибияти шахси дигар бошад), пешниҳод намоянд.

АКС: Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 9, 2024 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд