«КОНСТИТУТСИЯ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ». Таҳти ин унвон конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд

Октябрь 29, 2024 11:10

ДУШАНБЕ, 29.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия ва рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол» конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид, ки дар кори он намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ маъруза намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода дар мавзуи «Президент ва конститутсионализми миллӣ: баъзе мулоҳизаҳо дар ҳошияи аҳамияти таърихию сиёсии қабул ва татбиқи Конститутсия» изҳор намуд, ки Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлате бо номи Тоҷикистон пайдо гардида, сиёсати дохилию хориҷиро мустақилона амалӣ намояд ва ба сӯи фардои дурахшон қадамҳои устувор гузорад. «Вале расидан ба ин мақсадҳои бузург танҳо баъд аз Роҳбари давлат интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуда, дар кӯтоҳтарин муҳлат давлатдории миллӣ эҳё гардид. Ҳамзамон принсипҳои асосии он дар ин ҳуҷҷати муҳими сиёсию ҳуқуқӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассуми худро пайдо намуданд»,-баён дошт ӯ.

Таъкид гардид, ки пас аз қабули Конститутсия дар мамлакат шароит фароҳам омад, ки раванди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ маҷрои нав гирифта, Ваҳдати миллӣ таъмин карда шавад, суботу амният барқарор гардида, мамлакату мардуми он ба сӯи ҳаёти осоишта қадамҳои устувор гузоранд ва пайи амалисозии меъёрҳои конститутсионӣ бошанд. Яъне бо истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои амалишавии меъёрҳои Конститутсия имконияту шароит фароҳам омада, мардум бо истифода аз фазои сулҳу оромӣ ва суботу осоиштагӣ марҳила ба марҳила ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ интихоб намуданд. Ҳамзамон дар бунёди давлати навини тоҷикон саҳм гузошта, умед ба фардои дурахшонро дар қалбҳои худ дубора эҳё сохтанд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода иброз дошт, ки «дар замони муосир яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ- ин доштани рамзҳои муқаддас, алалхусус Конститутсия буда, маҳз дар он масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи башарӣ мустаҳкам мегарданд. Дар баробари ин муҳимтарин арзишҳои умумибашариро маҳз Конститутсия дар худ мустаҳкам менамояд, ки минбаъд дар раванди қабул ва татбиқи қонунҳо дар мадди назар қарор додани онҳо барои субъектони ваколатдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад».

Барои бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳама тадбирҳои дигари бунёдкорӣ ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшонро хеле хуб ва дар сатҳи зарурӣ донанд ва аз он самараноку пурмаҳсул истифода намоянд. Ҳамчунин қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоянд.

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар мавзуи «Нақши маърифати ҳуқуқӣ дар таҳкими волоияти қонун» иброз дошт, ки «дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон муҳим ва калидӣ аст. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаҳои асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи махсус равона шудааст. Дар ин замина якчанд санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд, аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати мамлакат аз 22 августи соли 1997 «Дар бораи баъзе аз чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030».

Мақсади асосии ин барномаҳо аз риояи Конститутсия ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини дастрасии тарзу усулҳои қонунии ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкил намудани механизми самаранокии ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон иборат мебошад.

Баромадкунандагон Конститутсияро танзимгари муносибатҳои ҷамъиятӣ ва сарчашмаи асосӣ барои қабули дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ унвон намуда, баён доштанд, ки ин санадҳо асосан ифодагари мафкуравии меъёрҳои конститутсионӣ мебошанд.

Конститутсия тавассути танзими муносибатҳои ҷамъиятии муайян, пешбинии вазифаву уҳдадориҳо дар пешрафти давлат ва ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши сазовор гузошт. Ҳамчунин Конститутсия дар низоми қонунгузорӣ ҳуҷҷати заминавӣ ба ҳисоб рафта, доира ва хусусияти танзими давлатиро дар ҳама соҳаҳои асосии ҷамъият муайян менамояд. Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ асоси ҳуқуқии қонунгузории мамлакат ба шумор рафта, дар такмили қонунгузории миллӣ ва рушди низоми ҳуқуқи миллӣ нақши асосиро доро мебошад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 29, 2024 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷарроҳии мураккаби мағзи сар гузаронида шуд
Дурнамои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо намояндагони Ассотсиатсияи кумак ва ёрии Ҷопон баррасӣ гардид
Ҳайати ҳокимияти судии Тоҷикистон дар Женева дар форуми байналмилалӣ иштирок намуд
«СОЛИМИИ ЗАН — СОЛИМИИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Гулистон беш аз 200 нафар занон бо муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд
Дар Душанбе оид ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти коҳиши хавфи офатҳо вохӯрӣ доир шуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Институти осиёии дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Непал Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Конфронси минтақавии сатҳи баланд вобаста ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи системаҳои рақамӣ дар раванди таълим бо намояндагони Бунёди аврупоии маориф баррасӣ шуд
Дар муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарии Тоҷикистон шакли намунавӣ амалӣ мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Фаъолияти Раҳима Салимова дар деҳа намунаи ибрат аст
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Гурӯҳи муассисаҳои MERI-и Ҳиндустон ҳамкориро тақвият мебахшанд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Барои пешгирӣ аз пайомадҳои офатҳои табиӣ шаҳрвандон низ бояд масъулиятшинос бошанд.