Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ нақши назаррас дорад

Октябрь 27, 2024 14:30

ДУШАНБЕ, 27.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таҷрибаи давлатдорӣ нишон медиҳад, ки бе қонунгузории мукаммал таъмини раванди пойдории давлат ғайриимкон аст. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон расо 30 сол қабл ин санади олии ҳуқуқӣ- Конститутсияро қабул намуд, ки он ҳуқуқу озодиҳои ҳама гурӯҳҳои ҷомеаи мамлакатро фаро гирифта, аз беҳтарин конститутсияҳои дунё ба ҳисоб меравад.

-Конститутсия ҳуҷҷате мебошад, ки тартиботи асосии ҳаёти ҳуқуқии ҷомеаву давлатро муқаррар намуда, аз ҷиҳати мазмун қонуни асосии мамлакат маҳсуб мешавад. Яъне, ин санад поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон буда, низоми принсипҳои асосии бунёдии давлат дар боби аввали он муқаррар шудааст. Инчунин Конститутсия тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву идеологӣ ва соҳаи байналмилалиро дар бар мегирад.

Баъди ба охир расидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ба ҳам омадани ҷомеа баҳри сулҳу субот ва бунёдкорӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, заминаи амалӣ гардидани ислоҳоти сиёсиро дар мамлакат гузошт. Ин санади инъикосгари иродаи шаҳрвандони Тоҷикистон заминаи ташаккул ва рушди низоми давлатиро бо тамоми рукнҳояш фароҳам овард.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи ҳуқуқӣ дар доираи Конститутсия ба расмият дароварда шуд, ки ин дар самти бунёди давлатдории миллӣ меъёри марказӣ ва муҳим эътироф мегардад. Бинобар ин, раванди рушди конститутсионӣ баъди қабули конститутсияи нав бори дигар исбот намуд, ки ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон наметавонад берун аз конститутсия орому пурмаҳсул ҷараён гирад. Ҳамчунин кулли дигаргуниҳое, ки дар солҳои минбаъдаи давлатдории миллӣ ба миён омаданд, наметавонистанд бе Конститутсия ва ислоҳоти баъдинаи конститутсионие, ки солҳои 1999, 2003 ва 2016 гузаронида шуданд, рӯйи кор оянд.

Конститутсия вобаста ба хислати худ ҳуҷҷати барномавие мебошад, ки дурнамои пешрафт ва рушди Тоҷикистонро барои имрӯзу оянда муайян менамояд. Яъне, ҳама гуна конститутсия барои садсолаҳо қабул мегардад. Он вобаста ба мазмуни мантиқии худ бо марҳалаи нави таърихии инкишофи ҷамъият ва давлат алоқаманд буда, ба таъсиси давлати шаклан нав асос мегузорад.

Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили давлатдории миллӣ дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ дар байни вазифаҳои мафкуравию муассисӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва дигар вазифаҳо аз ҳама бештар вазифаи муқаддастарин, яъне муттаҳидгардонии давлат, ҷомеа ва халқи тоҷикро иҷро намуд. Конститутсия дар давраи ноороми таърихӣ ба маркази ҳаракатдиҳандаи қувваҳои солим табдил ёфта, фарҳанги сулҳи тоҷиконро поягузорӣ ва дар амал татбиқ кард ва ҳамчун санади муҳимми ҳуқуқӣ ба амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи пешрафти давлат замина гузошт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихии гузариш ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Маҳз тавассути Конститутсия рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд таъмин карда шуд.

Мувофиқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шуда, дар ин замина ҳаракати давлат ба роҳи бунёди давлатдории навин равона гардид. Бинобар ин, дар заминаи Конститутсия адолати ҳуқуқӣ, яъне волоияти қонун ва қонунияти ҳуқуқӣ, ки тартиботи давлатӣ ва муносибати давлатро бо ҷамъият дар асоси эътирофу эҳтироми манфиатҳо таъмин менамояд, устувор гардид. Пойдории адолати иҷтимоӣ мақсад ва мароми мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид.

Дар асоси ин ҳуҷҷат халқи Тоҷикистон худро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шуморида, дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлат ва рушду нумӯи онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятро эътироф карда, роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифт.

Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридгардида меъёрҳои ин ҳуҷҷати ҳуқуқиро такмил дода, барои рушди минбаъдаи Тоҷикистони озоду демократӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, таъмини амнияти давлат, тақвияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегӣ, пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ ва амалишавии дигар тадбирҳои созанда барои таҳкими ҷомеаи навини мамлакат имконияти мусоид фароҳам оварданд.

Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, «маҳз истиқлолият буд, ки давлати ҷавони мо дар муддати хеле кӯтоҳ барои бунёди давлатдории навин, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши олӣ мебошанд, ба комёбиҳои назаррас ноил гардид».

Нақши дигари Конститутсия дар ташкили давлатдории миллӣ дар он зоҳир мегардад, ки дар он унсурҳои муҳим ва асосии давлатдорӣ, ба монанди ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ва ғайра дарҷ гардида, муносибати байниҳамдигарии давлат, мақомоти давлатӣ ва ҷамъият ба вуҷуд оварда шуд.

Тибқи моддаи 6-уми Конститутсия шаҳрвандони Тоҷикистон сарфи назар аз миллаташон халқи Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Муқаррароти муҳимми Конститутсия дар ин самт дар он зоҳир мегардад, ки аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд. Чунин меъёр бо мақсади танзими солими муносибатҳои ҷамъиятӣ муқаррар гардида, барои аз нигоҳи ҳуқуқӣ дуруст ба низом даровардани меъёрҳои қонун ва тартибу усулҳои ҳуқуқии амалигардонии қонунҳо замина ба вуҷуд овард.

Мардуми Тоҷикистон марҳалаи давлатдории ҳуқуқбунёди демократӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодиро дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ шуруъ намуд. Давраи мустақили рушди иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар робита бо эҳёи суннатҳои давлатдории ниёгон, истифодаи васеи анъанаҳои миллӣ, мероси ғании фарҳангӣ ва дар заминаи густариши равобити дутарафаву бисёртарафа бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ оғоз шуд. Конститутсия аз ҷониби давлат кафолат дода шудани фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро муқаррар намуд.

Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия иқтисоди мамлакат рушду такомул ёфта, давлати мо ба марҳалаи тозаи тараққиёти устувор қадам гузошт. Имрӯз се ҳадафи аслии дурнамои рушди Тоҷикистон — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар сатҳи зарурӣ дар амал татбиқ мешаванд.

Барҳақ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми қонунгузории мамлакат мақому манзалати хоссаро доро буда, меъёрҳои он дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошанд, ки ин аз волоият ва нақши барҷастаи он дар давлатдории миллии мо дарак медиҳад. Чун сухан аз давлатдорӣ рафт, мехоҳам аз нақши бузурги Пешвои миллат дар таҳия, муҳокима ва қабулу татбиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардам, зеро Сарвари давлат дар тамоми марҳалаҳои қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми калидӣ доштанд, ки ба зимма гирифтани масъулияти раисии комиссияи конститутсионӣ далели ин гуфтаҳо мебошад.

Сарвари давлат зимни баррасии лоиҳа доир ба такмили Конститутсия ба якчанд нуктаҳои Конститутсия, аз ҷумла ҳолати душаҳрвандӣ, баробарҳуқуқии марду зан, дахлнопазирии инсон, шакли идоракунӣ, сохтори давлат, принсипҳои ташкили мақомоти олии давлат, таъсиси Ҳукумат, мақомоти додгоҳ ва дигар масъалаҳои умда андешаҳои бунёдӣ баён намуданд, ки дар такмили лоиҳаи Конститутсия аҳамияти бузурги таърихӣ доранд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ормон ва андешаи дунявии мардуми тоҷикро ифода намуда, дастовардҳоеро ба давлату миллати тоҷик дод, ки онҳо барои ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзиши хосро доро мебошанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар таъмини волоияти қонун ва таҳкиму нигаҳдошти истиқлолияти давлатӣ саҳми бузург дошта, ба сифати роҳнамои рушди давлатдории миллӣ садсолаҳо хизмат менамояд.

Баҳрулло ДАВЛАТЗОДА,
муовини якуми Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ
ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 27, 2024 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд