ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Хуҷанд» баъди ғалаба бар дастаи КМВА-и Душанбе ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқот баромад
ДУШАНБЕ, 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва КМВА-и шаҳри Душанбе дар доираи бозиҳои даври 18-уми Лигаи олии Тоҷикистон бо ҳам бозӣ карданд. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, бо ҳисоби калони 5 бар 1 ба фоидаи дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд анҷом ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бо ин ғалаба дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 34 имтиёз ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқот баромад.
Дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бо 32 имтиёз дар зинаи сеюм мавқеъ гирифтааст. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 42 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқот аст.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо мағлуб кардани дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ба финали Ҷоми Тоҷикистон -2024 баромад ва онҷо бо дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, ки дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо мағлуб карда буд, рӯ ба рӯ мешавад.
Бозӣ барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд 20 октябр, соати 14:30 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






