ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Равшан» бар дастаи футболи «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ғалаба намуд
ДУШАНБЕ, 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар доираи бозиҳои даври 18-уми Лигаи олии Тоҷикистон дастаи «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакиро мағлуб кард. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе хеле ҷолиб баргузор шуда, бо ҳисоби калони 5:0 ба фоидаи дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб анҷом ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бо ин ғалаба дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб шумораи имтиёзҳояшро дар ҷадвали мусобиқот ба 31 расонида, дар зинаи 4-ум мавқеъ гирифт.
Дастаи футболи «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо 5 имтиёз дар охири ҷадвали мусобиқот ҷойгир аст.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 42 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқот мебошад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад






