Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мудири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ вохӯрӣ намуд

Октябрь 17, 2024 11:34

ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр  дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар доираи баргузории ҷаласаи сатҳи баланд оид ба муаррифии  даври сармоягузории Созмони  ҷаҳонии тандурустӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо мудири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ доктор Тедрос Адханом Гебрейесус вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховра» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳам дар саросари ҷаҳон ва ҳам дар доираи минтақаи аврупоӣ барои татбиқи Барномаи сенздаҳуми умумии кор барои солҳои 2019-2023 саъй менамояд.

Ҳамзамон дар бахши тандурустӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор саҳм мегузорад.

Тоҷикистон чанд сол қабл намунаи муборизаи муваффақона бо пандемияи коронавирус ва аҳамияти ҳамкорӣ бо шарикони рушдро нишон дод.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 17, 2024 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид