Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид

Октябрь 22, 2024 10:30

ДУШАНБЕ 22.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид. Дар он беш аз 40 ношир зиёда аз 5 ҳазор китоби тозанашрро пешниҳод намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар намоишгоҳ намояндагони корхонаҳои табъу нашри давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин Туркия, Эрон ва Чин, Ҳиндустон, Русия, Туркманистон ва ноширони Тоҷикистон иштирок доранд.

Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа арзёбӣ гардид.

Иброз шуд, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо барои пайдо кардани шарикони боэътимод дар самти таҳия ва нашр намудани китобҳо иқдоми хуб ба ҳисоб меравад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, «китоб рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст».

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб ҳамасола дар пойтахт доир мешавад.

Ин намоишгоҳ аз 22 то 24 октябр идома меёбад.

АКС: АМИТ «Ховар

 

Октябрь 22, 2024 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад