Роҳбарони мақомоти авиатсионии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қатар тавсеаи ҳамкориро дар соҳаи авиатсия баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15-16 октябри соли 2024 дар шаҳри Самарқанд вохӯрии роҳбарони мақомоти авиатсияи граждании давлатҳои Осиёи Марказӣ- Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва инчунин Давлати Қатар баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Давлати Қатар оид ба бехатарии парвозҳо, зиёд намудани шумораи хатсайрҳо ва ба роҳ мондани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қатар баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин байни Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ва Директори Маъмурияти авиатсионии Давлати Қатар оид ба тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла масъалаи ба роҳ мондани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ моҳи ноябр-декабри соли 2024 байни Душанбе- Давҳа-Душанбе вохӯрӣ баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки соли 2017 Созишномаи ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ба имзо расида буд. Баъди ба имзо расидани ин созишнома 22 апрели соли 2019 Протоколи вохӯрӣ ба имзо расида, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» ва ҶСК «Тоҷик Эйр», аз ҷониби Давлати Қатар Ширкати ҳавопаймоии «Qatar Airways» ҳамчун интиқолдиҳандагони мусофирон, бор, бағоҷ ва почта таъйин гардиданд.
Интизор меравад, ки ин вохӯрӣ дар рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла беҳтар гардидани вазъи иқтисодии ширкатҳои авиатсионӣ ва таъмини бехатарии парвозҳо нақши муассир мегузорад.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид






