Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бо лоиҳаҳои бунёди бинои панҷошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ ва корхонаи «Сендвич Панел» шинос шуданд

Октябрь 12, 2024 11:45

ДУШАНБЕ, 12.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон ба лоиҳаи ангоравии бинои панҷошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки дар маркази ноҳия сохта мешавад, шинос шуданд.

Зимни муаррифии лоиҳа масъулон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои мазкур аз панҷ ошёна иборат буда, дар масоҳати 0,22 гектар сохта хоҳад шуд.

Ҳангоми таҳияи лоиҳа 24 хонаи истиқоматии як, ду ва се ҳуҷрагӣ ба нақша гирифта шудааст. Мактабу боғчаи бачагона, дармонгоҳу марказҳои савдою хизматрасонӣ дар наздиктарин масофа ҷойгир мебошанд.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Дирексияи сохмонии иншооти ҳукуматӣ» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳоло корҳои оҳану бетонӣ дар таҳхонаи иншоот бомаром идома дорад.

Дар сохтмони иншоот 28 нафар сокини маҳаллӣ ба кор таъмин гардида, бо гузариш ба ошёнаҳои якум ва дуюм иловатан 20 нафари дигар ба кор ҷалб карда мешаванд.

Тавре таъкид гардид, таъмини хизматчиёни давлатӣ ва аъзои оилаи онҳо бо манзили истиқоматӣ доимо дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бино ба масъулон маслиҳатҳои муфид дода, зимни иҷрои корҳо истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ, санъати меъмории миллӣ ва риояи меъёри талаботи муосири шаҳрсозиро ҳатмӣ арзёбӣ намуданд.

Дар ҳамин ҷо ҳамзамон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи корхонаи «Сендвич Панел» муаррифӣ карда шуд. Оянда дар корхонаи мазкур бо насби технологияи нав истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла ангарҳои гуногунандоза ба роҳ монда мешавад.

Корхонаи муосири истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст ба хотири таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ивазкунандаи воридот сохта мешавад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки маҳсулоти истеҳсолшуда дар корхона асосан ба соҳаи моҳипарварварӣ, махсусан ҳавзҳои муосири парвариши гулмоҳӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар асоси фармоиш ҳамзамон истеҳсоли ангарҳои гуногунандоза барои бомпӯшнамоии иншооти ёрирасон низ ба роҳ монда мешавад.

Барои бунёди корхона аллакай 3,5 гектар замин ҷудо шуда, тахту ҳамворкунии зери иншоот амалӣ гардидааст ва корҳои сохтмонӣ бояд оғоз шавад.

Технологияи навтарин барои корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва насб карда мешавад.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки агар барои бунёди як ҳавзи парвариши гулмоҳӣ тавассути оҳану бетон то 100 ҳазор сомонӣ хароҷот шавад, арзиши ҳамин андоза ҳавзи металӣ ба 40 ҳазор сомонӣ баробар мегардад.

Ноҳияи Рӯшон барои парвариши гулмоҳӣ басо созгор аст. Барои парвариши ин навъи моҳӣ соҳибкорон аллакай 12 гектар заминро дар соҳили руди деҳаи Хуф ба нақша гирифтаанд. Дар ин мавзеъ оянда тавассути ангарҳои металӣ ҳавзҳои муосири моҳипарварӣ бунёд гардида, имкони истеҳсоли 1000 тонна гулмоҳӣ ва таъмини наздик ба 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойҳои нави корӣ таъмин мегардад.

Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи корхонаи «Сендвич Панел» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯст барои бунёди чунин корхонаи муосир, дастгирии ташаббусҳои созандаи Ҳукумати кишвар ва ташкили ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар ноҳияи Рӯшон дар доираи сазовор истиқбол гирифтани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ 165 иншоот ба нақша гирифта шуда, 115-тои он аллакай мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст ва дар 50 иншооти дигар корҳои сохмонӣ идома дорад.
Муаррифии лоиҳаҳои бунёди бинои панҷошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ ва корхонаи “Сендвич Панел” дар ноҳияи Рӯшон 12.10.2024

Октябрь 12, 2024 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаҳои таълимӣ сохта мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Пандовчии ноҳияи Нуробод толори варзишӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Шаҳристон бинои нави Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ сохта мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ бунёд мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои қудратӣ тағйироти кадрӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Турсунзода бинои нави Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон