Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Октябрь 14, 2024 09:03
14.10.2024, шаҳри Хоруғ

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Мулоқоти имрӯзаи мо дар даврае баргузор мегардад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи омодагӣ ба таҷлили яке аз санаҳои воқеан таърихӣ – 30-солагии қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қарор доранд.

Бо қаноатмандӣ иброз медорам, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгириву ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат сол ба сол ободу пешрафта ва сатҳу сифати зиндагии сокинони он мунтазам беҳтар гардида истодааст.

Дар ҷараёни сафари кории худ ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят мо даҳҳо иншооту биноҳои навбунёдро, ки натиҷаи ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмати аҳлонаи сокинони вилоят буда, боиси боз ҳам ободу зебо шудани шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти онҳо гардидаанд, ифтитоҳ намудем.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои амалӣ намудани ҳадафу нақшаҳои созанда ба вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 24 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Хусусан, барои дастгирии буҷети маҳаллӣ ҷиҳати сари вақт пардохт намудани маошу нафақа ва ҳалли дигар масъалаҳои мубрами аҳолии вилоят аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ беш аз 2,5 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Дар ин давра ба соҳаи сохтмони вилоят аз ҳамаи сарчашмаҳо 6,5 миллиард сомонӣ маблағ равона гардида, бунёду азнавсозии зиёда аз ду ҳазор иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ амалӣ гардидааст.

Танҳо дар 8 моҳи соли равон сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ 600 миллион сомониро ташкил додааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ ба зиёда аз 37 ҳазор оилаи вилоят 3765 гектар замин ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои бунёди хонаи истиқоматӣ ҷудо карда дода шудааст, ки нисбат ба заминҳои наздиҳавлигии то соли 1991 додашуда беш аз 3 баробар зиёд мебошад.

Яъне бо дарназардошти он ки ҳоло дар вилоят ҳамагӣ 37400 оила ба қайд гирифта шудааст, ҳамаи оилаҳо пурра бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидаанд.

Дар муддати 75 соли замони гузашта ба сокинони вилоят ҳамагӣ 1200 гектар замин тақсим карда шуда буд.

Аҳолии вилоят аз 172 ҳазори соли 1991 ба беш аз 230 ҳазор дар соли 2023 расидааст, яъне қариб 60 ҳазор нафар зиёд шудааст.

То имрӯз дар масоҳати беш аз 1 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Фонди умумии манзил дар ин давра аз 1,6 миллион метри мураббаъ ба 3,6 миллион метри мураббаъ расидааст.

Аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба соҳибкорон ва аҳолии вилоят беш аз 2,2 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки ду миллиард сомонии он қарзҳои хурд мебошанд.

Танҳо дар 5 соли охир қарзҳои ба сокинони вилоят додашуда беш аз 880 миллион сомониро ташкил додаанд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат маҷмӯи маҳсулоти дар вилоят тавлидшуда соли 2024-ум ба 1,9 миллиард сомонӣ расонида мешавад, ки нисбат ба соли 2000-ум 58 баробар зиёд аст.

Даромади пулии аҳолӣ дар вилоят соли 2023 ба 1,5 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 21,3 фоиз ва дар муқоиса бо соли 1995-ум 200 баробар зиёд мебошад.

Дар назар аст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 1,7 миллиард сомонӣ баробар мегардад.

Ҳамзамон бо ин, ҳаҷми бақияи пасандозҳои аҳолии вилоят дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз 16,5 ҳазор сомонӣ ба 442 миллион сомонӣ расидааст.

Танҳо дар 5 соли охир ҳаҷми бақияи пасандозҳо 144 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.

Нишондиҳандаҳои зикршуда гувоҳи равшани торафт баланд гардидани дороиҳо ва сатҳи некуаҳволии сокинони вилоят мебошанд.

Агар то соли 1991 дар вилоят ҳамагӣ 3,3 ҳазор воситаи нақлиёт, аз ҷумла 1,6 ҳазор воситаи нақлиёти боркаш ва дигар техника ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар соли 2024 нишондиҳандаҳои мазкур мутаносибан ба зиёда аз 15 ҳазор ва 2,9 ҳазор расидааст.

Яъне дар маҷмуъ, воситаҳои нақлиёт қариб 5 баробар ва мошинҳои боркаш ва дигар техника 2 баробар зиёд шудааст.

Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минбаъд низ ҳамаи имконияту воситаҳои мавҷударо сафарбар намуда, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Ҳамватанони азиз!

Бо дарназардошти он ки масъалаи роҳҳои бехатари нақлиётӣ яке аз мушкилиҳои асосии мардуми вилоят дар давраҳои гузашта ба ҳисоб мерафт, Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои бартараф намудани он тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид ва ин равандро имрӯзҳо босуръат идома дода истодааст.

Бояд гуфт, ки маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ ба мо муяссар гардид, ки дар душвортарин мавзеъҳо, яъне дар ҷойҳое, ки даҳсолаҳои зиёд бунёди роҳҳоро дар онҳо ғайриимкон медонистанд, роҳҳои замонавии ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ бунёд кунем.

Ва ба ҳамин васила, робитаи нақлиётии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо пойтахти мамлакат, дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва мамолики хориҷӣ дар тамоми фаслҳои сол таъмин намоем.

Ҳамин иқдомоти амалинамудаамон ҳоло ба рафтуомади бехатари шаҳрвандон ва хеле беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолии вилоят мусоидат карда истодаанд.

Тавассути ин роҳҳо, ки аҳаммияти транзити байналмилалӣ доранд, ҳоло боркашонӣ, хусусан, бо ҳамсоякишвари бузургамон – Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯз ба рӯз афзуда истодааст.

Танҳо дар сарҳад бо Афғонистони ҳамсоя панҷ пули муосир сохта, ба истифода дода шуд ва тавассути онҳо фаъолияти бозорҳои наздисарҳадӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар заминаи ҳадафҳои стратегии миллӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилоят барои бунёди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шуд.

Ҳоло дар ҳудуди вилоят дар ин самт 5 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии беш аз 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст ва илова бар ин, боз ду лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард ва пулҳо ба маблағи умумии 2,7 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Шоҳроҳи байналмилалии Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон, ки ду сол пеш оғоз гардида буд, мутобиқи меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ бунёд шуда истодааст, ки дар оянда барои дар ҳақиқат ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон ва мавзеи ҷолиби сайёҳон мубаддал гардонидани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусоидат менамояд.

Дар доираи ин лоиҳа, ки арзиши умумии он 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, то имрӯз корҳо ба маблағи 900 миллион сомонӣ анҷом дода шудаанд.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ оид ба бунёду азнавсозии роҳҳо дар ҳудуди вилоят ва дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории онҳо пайваста чораҷӯӣ карда истодааст.

Лоиҳаҳои бунёду таҷдиди роҳҳои Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон (235 километр) ва аз Варшез то гузаргоҳи Кулма – Қарасу (300 километр) аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ илова ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ маблағгузорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят аз ҳисоби буҷети давлатӣ низ сол ба сол зиёд гардида, бо ин мақсад беш аз 330 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Дар натиҷа 980 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 200 пул таъмиру азнавсозӣ гардидаанд.

Инчунин, дар ин давра барои вилоят 75 техникаву нақлиёти роҳсозӣ ва таҷҳизоти муосир харидорӣ карда шудааст.

Дар маҷмуъ, тайи даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардуми вилоят 38 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз чор миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар доираи боз 16 лоиҳа бо арзиши умумии 5,5 миллиард сомонӣ идома доранд.

Лоиҳаҳои зикршуда дар самти маорифу тандурустӣ, нақлиёту энергетика, таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, барқтаъминкунӣ, обёрӣ ва кишоварзӣ, идораи хавфи офатҳои табиӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди маблағгузории хурд, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар самтҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.

Ҳамватанони азиз!

Ҳукумати мамлакат дар баробари бунёду азнавсозии роҳҳо ва ба ин васила бартараф намудани мушкилоти асосии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба рушди дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоят низ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.

Яке аз ташаббусҳое, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равона карда шудааст, амалигардонии корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни истиқлоли давлатӣ мебошад.

Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1021 иншоот ба маблағи як миллиард сомонӣ ба истифода дода шуд.

Илова бар ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатӣ бунёду азнавсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

То ба имрӯз корҳои сохтмон дар 766 иншоот ба маблағи зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ ба анҷом расидаанд, ки 56 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Боиси қаноатмандист, ки дар ҷараёни сафари кории мо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Танҳо дар шаҳри Хоруғ як рӯз пеш се қисми биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва бинои 15-ошёнаро дар хиёбони ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ба истифода супорида, ба даҳҳо оилаи эҳтиёҷманд ва омӯзгорон калиди хонаҳои навро тақдим намудем.

Инчунин, корхонаҳои коркарди шир ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, коркарди гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, коркарди санг, гиёҳҳои шифобахш, меваю сабзавот, бастубанди меваи хушк, истеҳсоли мебел ва хушкашӯиро ба истифода додем.

Дар корхонаҳои зикршуда, ки барои ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳолии мардум саҳми арзанда мегузоранд, беш аз 200 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи нави корӣ таъмин гардиданд.

Бовар дорам, ки роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят, сокинони ватандӯст ва соҳибкорони бонангу номус дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои мутасаддӣ ҷиҳати сари вақт сохта, ба истифода додани иншооти боқимонда тамоми имкониятҳои худро сафарбар месозанд.

Хотиррасон месозам, ки ҳоло барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ 9 барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои давраи солҳои 2021 – 2025 амалӣ гардида истодааст.

Дар доираи онҳо татбиқи 808 лоиҳа ба маблағи беш аз 7 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Аз аввали татбиқи барномаҳо то ба имрӯз 285 лоиҳа ба маблағи беш аз 2,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардидааст.

Вале иҷрои онҳо ҳамагӣ 35 фоизро ташкил додааст, ки қонеъкунанда нест.

Хусусан, ҳолати амалисозии барномаҳои рушд дар ноҳияҳои Ванҷ, Роштқалъа, Ишкошим ва Дарвоз ташвишовар мебошад.

Иҷрои барномаҳои мазкур дар ноҳияҳои зикршуда аз 20 то 35 фоиз таъмин шудааст.

Роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон, шахсони саховатпеша ва аҳолӣ ҷиҳати самаранок аз худ кардани маблағҳои ҷудогардида, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва таъмин намудани иҷрои барномаҳои қабулшуда чораҳои саривақтиро роҳандозӣ намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Қобили зикр аст, ки бо вуҷуди шароити кӯҳистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят рушди устувори соҳаи кишоварзӣ таъмин гардида, ҳаҷми умумии маҳсулот дар соли 2023 ба 886 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 11 баробар зиёд мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ истеҳсоли ғалладонагҳо ду баробар, картошка 3, сабзавот 4,4, шир 2 ва тухм 3,7 баробар зиёд гардидааст.

Дар ин давра ба сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят 2620 гектар замин ҳамчун заминҳои президентӣ барои ташкили хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ҷудо карда, дода шудааст ва тибқи таҳлилҳо ин иқдом ба хеле коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намудааст.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилоят майдони 2318 гектар заминҳои нав аз худ гардида, ҳолати мелиоративии 1788 гектар замин беҳтар карда шудааст.

Танҳо дар 20 соли охир азхудкунии заминҳои нав дар ноҳияҳои Ванҷ 282 гектар, Дарвоз 250, Рӯшон 220, Шуғнон 120, Роштқалъа 266 ва Ишкошим 120 гектарро ташкил додааст.

Дар 33 соли соҳибистиқлолии кишвар кишти зироатҳои ғалладонагӣ 22 фоиз, картошка 2,4 баробар, сабзавот 4,1 баробар, инчунин, саршумори чорвои калон 1,4 баробар, паранда 4,5 ва қутос 1,7 баробар зиёд шудааст.

Ин нишондиҳандаҳо барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳа ва баланд бардоштани сатҳи худтаъминкунӣ бо маводи ғизоӣ хеле муҳим арзёбӣ мегарданд.

Танҳо кишти картошка дар ноҳияҳои вилоят аз 763 гектари соли 1991 то 1851 гектар дар соли 2024 ва истеҳсоли он дар ин муддат аз 8 ҳазор тонна ба 25 ҳазор тонна зиёд гардидааст.

Ҳамчунин, майдони боғҳо аз 1347 гектари соли 1991 ба 3140 гектар дар соли 2023 расонида шудааст, ки 2,3 баробар зиёд буда, ҳоло меваи хушсифат ва аз лиҳози экологӣ тозаи вилоят дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ харидорони зиёд пайдо кардааст.

Ҳоло ҳаҷми истеҳсоли мева нисбат ба соли 1991-ум 19,4 баробар ва ҳосилнокии боғҳо 7 баробар афзоиш ёфтааст.

Дар баробари ин, зарур аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба масъалаи коркарди мева ва таъсиси корхонаҳои нав дар ин самт таваҷҷуҳи боз ҳам бештар зоҳир карда шавад.

Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии он ба бозори истеъмолӣ моро зарур аст, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ бештар диққат дода, ба хотири таъмини бозори дохилӣ дар ҳама фаслҳои сол барои зиёд намудани кишти зироатҳо ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот кӯшиш намоем.

Ин дар шароити вилоят танҳо дар сурати истифодаи самараноку оқилонаи обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ ба даст меояд.

Бори дигар хотирнишон месозам, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои рушди боғпарварӣ, картошкапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва чорводорӣ имкониятҳои фаровон мавҷуданд.

Зарур аст, ки аз ин имкониятҳо ҳарчи бештар истифода карда шавад.

Ман зимни сафари қаблии худ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳбарону масъулон вобаста ба ташкил намудани марказҳои бандубаст ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ супоришҳои мушаххас дода будам.

Роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро бори дигар вазифадор менамоям, ки якҷо ба вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати ҳарчи бештар ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Илова бар ин, зарур аст, ки бо дарназардошти таҷрибаи дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон барои ҳалли масъалаҳои бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ вусъат дода шавад.

 

Ҳозирини гиромӣ!

Қобили зикр аст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мунтазам афзуда, соли 2023 ба 215 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1993-юм 3,5 баробар зиёд мебошад.

Танҳо дар моҳҳои январ – августи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 160 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36 фоиз афзудааст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 100 корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла танҳо дар ду соли охир 56 корхона таъсис дода шудааст.

Дар ин давра дар вилоят беш аз 100 коргоҳи хурди саноатӣ бунёд ва ба истифода дода шудааст.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 10 номгӯйи соли 1991 ҳоло ба беш аз 60 номгӯй расидааст.

Бо вуҷуди ин, таъкид менамоям, ки шумораи корхонаҳо ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят ҳанӯз ба захираву имкониятҳои саноатии он мутобиқ нест.

Зеро Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорои захираҳои бойи табиӣ буда, дар ҳудуди он даҳҳо кону зуҳуроти маъданҳо ва канданиҳои фоиданок вуҷуд доранд.

Ҳукумати мамлакат, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Саридораи геология бояд дар масъалаи истихроҷ ва коркарди онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Инчунин, дар қаламрави вилоят ҳазорҳо намуд гиёҳҳои шифобахш ва чашмаҳои табобатӣ мавҷуданд, ки аз ҷумлаи афзалиятҳои ҳанӯз пурра истифоданашуда мебошанд.

Дар робита ба ин масъала таъкид менамоям, ки таъминнокии хонандагон бо либоси мактабӣ аз ҳисоби истеҳсоли худӣ дар вилоят қонеъкунанда набуда, сатҳи он дар соли 2023 ҳамагӣ 15 фоиз ва дар 8 моҳи соли равон танҳо 18 фоизро ташкил додааст.

Мо саноатикунонии босуръати мамлакатро ба он хотир ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намудем, ки дар доираи он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар корхонаҳои азиму миёнаи саноатӣ таъсис дода, коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашударо роҳандозӣ намоем.

Бо ҳамин роҳ мо метавонем, ки иқтидори содиротии Тоҷикистонро тақвият бахшида, вобастагии иқтисоди миллиро аз молу маҳсулоти воридотӣ коҳиш диҳем.

Муҳимтар аз ҳама, шаҳрвандони худро бо ҷойи кории доимӣ таъмин карда, сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакатро бамаротиб беҳтар намоем.

Ба роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои он ва дигар вазорату идораҳои дахлдори кишвар бори дигар супориш дода мешавад, ки доир ба ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар ин самт, ба коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла канданиҳои фоиданок, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди мармар, мева, дигар маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввал бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат эълон шуда, дар заминаи амалисозии маҷмуи тадбирҳои мушаххас тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи энергетикаи кишвар, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешравиҳои назаррас ба даст омадаанд.

Бо ин мақсад дар ин давра ба соҳаи энергетикаи вилоят, дар маҷмуъ, беш аз 3,4 миллиард сомонӣ маблағ равона шудааст.

То имрӯз дар вилоят 73 лоиҳаи хурду миёна ба маблағи умумии 1,7 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло корҳо дар доираи 11 лоиҳа ба маблағи умумии 1,1 миллиард сомонӣ идома доранд.

Дар натиҷаи амалигардонии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ҳудуди вилоят 31 мегаватт иқтидори нави истеҳсоли неруи барқ бунёд гардида, иқтидорҳои мавҷуда дар ҳаҷми 14 мегаватт таҷдиду азнавсозӣ карда шудаанд.

Агар то соли 1991 иқтидори истеҳсоли неруи барқ дар вилоят ҳамагӣ 10,4 мегаваттро ташкил карда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 47,5 мегаватт расидааст, яъне 4,7 баробар зиёд шудааст.

Илова бар ин, Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ то охири соли 2025 дар вилоят боз 22 мегаватт иқтидорҳои навро ба кор дароварда, ҳаҷми умумии онро ба 76,5 мегаватт расонад.

Қобили зикр аст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамагӣ 13 фоизи муштариёни вилоят ба барқи 12-соата дар як шабонарӯз дастрасӣ доштанд.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида аз соли 2016 инҷониб вазъи барқтаъминкунӣ дар вилоят беҳтар гардида, ба 98 фоиз расонида шуд.

Яъне аз соли 2016 инҷониб ба истиснои қисми муштариёни водии Бартанг ва қисми муштариёни ноҳияи Мурғоб тамоми аҳолии вилоят шабонарӯзӣ бо неруи барқ таъмин гардидаанд.

Ҳоло ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани таъминоти барқ ва афзоиш додани содироти он сохтмони неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт идома дорад, ки соли оянда пурра ба истифода дода мешавад.

Бояд гуфт, ки иқтидорҳои амалкунандаи истеҳсоли неруи барқ дар ҳудуди вилоят 100 фоиз аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия фаъолият мекунанд, ки дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим ва дигар мушкилоти экологӣ бисёр муҳим мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 217 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 110-киловолта, 16 зеристгоҳи барқӣ, 289 километр хатҳои интиқоли барқи 35-киловолта ва беш аз 560 километр хатҳои нави барқии иқтидорашон хурд сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Дар ҳудуди вилоят сохтмони боз 135 километр хатҳои интиқоли барқ ба нақша гирифта шудааст, ки дар ояндаи наздик барои устувории низоми энергетикии вилоят ва кишвар истифода мегарданд.

Инчунин, дар доираи татбиқи лоиҳаи электрификатсияи деҳоти Тоҷикистон ба маблағи 400 миллион сомонӣ 27 деҳа тавассути бунёди шабакаҳо бо неруи барқ таъмин гардида, дар 13 деҳа бунёди неругоҳҳои хурди барқи обӣ ва дар 22 деҳа неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ пешбинӣ гардидааст.

Баъди амалӣ гардидани ин лоиҳа таъминоти барқ дар вилоят ба 100 фоиз расонида мешавад.

Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ҷамъияти саҳҳомии «Помир Энерҷи» ва роҳбарияти вилоят бояд ҳамкориро бо шарикони рушд ва сармоягузорон ҷиҳати иҷрои лоиҳаҳо ва бунёди неругоҳҳои барқи обии хурд, аз ҷумла неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ тақвият бахшанд.

Ҳозирини муҳтарам!

Рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Дар ин замина танҳо дар давоми 20 соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маорифи вилоят зиёда аз 2 миллиард сомонӣ равона гардида, дар натиҷа заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимии вилоят хеле мустаҳкам шуда, шумораи онҳо афзудааст ва фарогирии хонандагон ба таври назаррас беҳтар гардидааст.

Дар соли 2024 барои рушди соҳаи маорифи вилоят беш аз 300 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 28 фоиз зиёд мебошад.

Дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 215 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 43 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи беш аз 450 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Ҳоло ба маблағи 144 миллион сомонӣ сохтмони боз 26 муассисаи таълимӣ барои 9 ҳазор хонанда идома дорад.

Имрӯз дар вилоят 26 муассисаи таълимии томактабӣ, 157 маркази инкишофи кӯдак ва 313 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони вилоят муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла 3300 нафар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишварро хатм намудаанд.

Аз соли 1997 то имрӯз 3788 нафар хатмкардагони мактабҳои вилоят ба ихтисосу равияҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, варзиш, энергетика, техникаву технология ва кишоварзии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар тибқи квотаи президентӣ дохил шудаанд.

Ҳоло 653 нафар ҷавонони вилоят (351 духтар ва 302 писар) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бо квотаи президентӣ таҳсил доранд.

Бо вуҷуди пешравиҳои назаррас дар соҳаи маорифи вилоят як қатор камбудиҳо, аз ҷумла иҷрои пасти Барномаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 – 2025 (17 фоиз) ҳалталаб боқӣ мемонанд.

Инчунин, 35 муассиса таъмирталаб буда, 70 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дорад ва эҳтиёҷот ба мизу курсӣ низ ба назар мерасад.

Роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм ва дигар сохторҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли масъалаҳои соҳаи маорифи вилоят чораҳои зарурӣ андешанд, инчунин, сохтмони муассисаҳои соҳаи маорифро зери назорати доимӣ қарор дода, барои сари вақт ва бо сифати баланд супоридани онҳо чораҷӯӣ намоянд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба соҳаи тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ сол аз сол афзоиш ёфта, дар соли 2024 ба 140 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 25 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра дар вилоят 276 муассисаи тандурустӣ ба маблағи 360 миллион сомонӣ бунёд карда шуда, 906 муассиса ба маблағи 120 миллион сомонӣ таъмиру барқарорсозӣ гардидааст.

Танҳо дар доираи нақшаи бунёдкориву созандагӣ ба ифтихори 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар вилоят ба маблағи беш аз 216 миллион сомонӣ 58 муассисаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозии боз 72 иншооти соҳа ба маблағи беш аз 170 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Танҳо дар дуюним соли охир барои сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят беш аз 49 миллион сомонӣ, аз ҷумла 31 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ муассисаҳои зикршуда ба маблағи 103 миллион сомонӣ бо асбобу таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ таъмин карда шудаанд.

Ҳоло муассисаҳои тандурустии вилоят бо 60 нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ таъмин буда, танҳо дар се соли охир барои онҳо 14 воситаи нақлиёти тиббии ҳозиразамон харидорӣ ва дастрас карда шудааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии кишвар 1293 нафар ҷавонони вилоят, аз ҷумла 445 нафар тибқи квотаи президентӣ таҳсил кардаанд, ки барои бо мутахассисон таъмин намудани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат карда истодаанд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолии вилоят сифатан беҳтар гардидааст, ки нишондиҳандаҳои зерин гувоҳи он мебошанд:

– агар нишондиҳандаи фавти кӯдакони синни то 1-сола нисбат ба 1000 зиндатаваллуд дар соли 1990-ум 36,4-ро ташкил дода бошад, пас он дар 6 моҳи соли 2024 ба 13,6 баробар шудааст, яъне қариб 3 баробар коҳиш ёфтааст;

– агар дар вилоят нишондиҳандаи фавти модарон дар соли 1990-ум 98,3 ҳолатро нисбат ба 100 ҳазор зиндатаваллуд ташкил карда бошад, соли 2023 ва 6 моҳи соли равон ҳодисаи фавти модарон умуман ба қайд гирифта нашудааст;

– шумораи аҳолии вилоят дар давоми 33 соли истиқлол аз 172 ҳазор то 234 ҳазор нафар расида, 36,2 фоиз зиёд шудааст;

– дарозумрии аҳолии вилоят дар ин давра аз 69,6 дар соли 1991 то 79 сол дар соли 2022, яъне 9,4 сол баланд гардидааст.

Бо вуҷуди ин, ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, ки якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ минбаъд низ дар самти беҳтар кардани шароити муассисаҳои тиббӣ, бо таҷҳизоту технологияҳои муосир таъмин намудани онҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ чораҷӯӣ намоянд.

Тайёр кардани кадрҳо ва тавассути бозомӯзиву такмили ихтисос баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки ба ҳалли онҳо бояд эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани музди меҳнат ва пардохти саривақтии маошу нафақа дар мамлакат, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

Масалан, дар вилоят музди миёнаи меҳнати як корманд, ки соли 2000-ум ҳамагӣ 12 сомониро ташкил медод, соли 2023–юм ба 1848 сомонӣ расида, беш аз 150 баробар зиёд гардидааст.

Ҷиҳати ба касбомӯзӣ фаро гирифтани сокинони вилоят тайи понздаҳ соли охир дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа ва Ишкошим марказҳои таълими калонсолон таъсис дода шудаанд ва ҳазорон нафар соҳиби ихтисоси корӣ гардидаанд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати ба касбомӯзӣ фаро гирифтан ва ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ мутобиқ гардонидани шумораи ҳарчи бештари сокинони вилоят мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Дӯстони азиз!

Шумо хуб медонед, ки тамоми пешрафту ободии кишвари азизамон, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон натиҷаву самараи сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Ба хотири ободии боз ҳам бештари Ватани маҳбубамон ҳар яки мо вазифадорем, ки неъмати бебаҳои зиндагиамон – сулҳу субот ва ваҳдати миллиро эҳтиёт кунем ва таҳкиму тақвият бахшем.

Тибқи таҳлилҳо дар вилоят вазъи риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмуъ, муътадил мебошад.

Соли 2023 дар вилоят 758 ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ 522 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, нисбат ба солҳои гузашта коҳиш ёфтааст.

Аз ҷумла, ҷиноятҳои одамкушӣ ва сӯиқасд ба он, тасарруфи силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, авбошӣ ва ҷиноят бо истифода аз силоҳ кам шудааст.

Ба ҳолати 1-уми сентябри соли равон 214 нафар сокинони вилоят дар кофтукови расмӣ қарор доранд, ки 153 нафар ё 71,5 фоизи онҳо ҷиноятҳои дорои хусусияти террористиву экстремистӣ содир кардаанд.

Шомилшавии баъзе сокинони вилоят, аз ҷумла ҷавонон ва содиршавии ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла аз ҷониби сокинони ноҳияи Ванҷ нигаронкунанда буда, ҳоло даҳҳо нафари онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои зикршуда дар кофтуков қарор доранд.

Ҳамчунин, вазъи қочоқи маводи мухаддир дар ҳудуди вилоят то ба ҳол ташвишовар боқӣ монда, тайи солҳои 2021 – 2023 ва ҳашт моҳи соли 2024 аз ҷинояткорон беш аз 929 килограмм маводи мухаддир мусодира карда шудааст.

Бо дарназардошти он ки хатти сарҳади давлатӣ дар ҳудуди вилоят аз минтақаҳои душворгузари кӯҳӣ ва дигар мавзеъҳои ба мушкилӣ назоратшаванда мегузарад, вақтҳои охир иловатан 33 дидбонгоҳи сарҳадӣ таъсис дода шуд, ки боиси беҳтар шудани назорат гардид.

Мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ дар солҳои оянда низ зери назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, дар тамоми хатти сарҳади давлатӣ бунёди иншооти муҳандисӣ ва насби таҷҳизоти муосири назорати шабонарӯзии сарҳад идома меёбад.

То имрӯз зиёда аз 30 километр хатти сарҳади давлатӣ бо симтӯру симхор ва камераҳои назоратӣ таъмин гардида, то охири соли равон зиёда аз 50 километр хатти сарҳад пурра бо чунин таҷҳизоти муҳофизатӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

Бо вуҷуди ин, сохторҳои ҳифзи сарҳад ва умуман, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки доир ба таҳкими боз ҳам бештари сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, қочоқи маводи мухаддир, хусусан, пешгирӣ кардани ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар ин кори муҳим роҳбарону масъулони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳо ва фаъолон бояд бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории бештар дошта бошанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ман дар суханрониҳои худ доим хотирнишон менамоям, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз маконҳои бисёр ҷолиб барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад.

Манзараҳои табиии бисёр зебову нотакрор, шаршараву дарёҳо ва кӯлҳои беназир, пиряхҳои калонтарин ва қуллаҳои баландтарин, меваҳои шаҳдбор ва маҳсулоти ширию гӯштии аз лиҳози экологӣ тоза, ҳазорҳо намуди гиёҳҳои шифобахшу даҳҳо чашмаи табобатӣ ва олами набототу ҳайвоноти нодир аз ҷумлаи имкониятҳои беҳтарин барои рушди сайёҳӣ дар вилоят мебошанд.

Инчунин, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва расму ойинҳои рангоранги миллӣ, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавҷуданд, таваҷҷуҳи ҳазорон ҳазор сайёҳонро аз кишварҳои гуногуни олам ба худ ҷалб кардаанд.

Вале имкониятҳои вилоят дар ин самт ҳанӯз ба таври кофӣ истифода намегарданд, ки ин аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он андешидани чораҳои заруриро тақозо менамояд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2023 ва шаш моҳи соли 2024 ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамагӣ 50 ҳазор сайёҳони хориҷӣ омадаанд, ки хеле ва хеле кам аст.

Вобаста ба ин, зарур аст, ки роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор Барномаи рушди соҳаи сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро таҳия ва амалӣ намоянд.

Инчунин, доир ба ҷалби соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати бунёди инфрасохтори зарурии сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ташкили растаҳои косибону ҳунармандон бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам боз як масъалаи муҳимро хотирнишон намоям.

Ҳамаи шумо аз вазъи ҷаҳони имрӯза, яъне торафт шиддат гирифтани мухолифату низоъҳо дар байни абарқудратҳо, таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ, вусъат пайдо кардани таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ хуб огоҳӣ доред.

Илова бар ин, тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои вазнини он – камобиву хушксолии пайдарпай ва офатҳои табиӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ сокинони сайёраро ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардаанд.

Дар чунин шароити ҳассосу пешгӯинашаванда мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, Ватанамонро обод ва давлатамонро неруманду пешрафта гардонем.

Бовар дорам, ки ҳамаи шумо мазмуну муҳтаво ва таҳлилҳоеро, ки дар суханрониҳои Роҳбари давлат рӯзи 9-уми марти соли ҷорӣ дар вохӯрӣ бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин, инчунин, рӯзи 1-уми сентябр ба муносибати Рӯзи дониш баён гардиданд, хуб дарк намуда, барои амалӣ намудани супоришҳои додашуда кӯшиш мекунед.

Бори дигар таъкид месозам, ки мо бояд ба тарбияи фарзандон, яъне онҳое, ки ояндаи давлати тоҷиконро соҳибӣ мекунанд, эътибори аввалиндараҷа диҳем, ба онҳо барои соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шуданашон шароиту имконият муҳайё созем.

Мо бояд барои пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ва риояи бечунучарои талаботи қонунҳо, яъне таъмини волоияти қонун тамоми имкониятҳои худро сафарбар созем.

Мо ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки ин Ватани биҳиштосо, ин сарзамини муқаддас аз мост ва мо бояд онро бо дастони худамон ва бо заҳмати аҳлонаву содиқонаамон боз ҳам ободу зебо гардонем.

Мо бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем, ҳамеша сарҷамъу муттаҳид ва мададгору ғамхори якдигар бошем.

Бовар дорам, ки мардуми ватандӯсту сарбаланд ва заҳматқарини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минбаъд низ, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ва Ватани аҷдодиамон саҳми арзишманд мегузоранд.

Бо эътимоди комил иброз менамоям, ки онҳо дар ояндаи наздик диёри худро ба яке аз гӯшаҳои ободу пешрафтаи сарзамини тоҷикон табдил медиҳанд.

Дар ин ҷода ба кулли сокинони ватандӯсти вилоят ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд – барору муваффақият ва саломативу хушрӯзӣ орзу менамоям.

Бигзор дар хонадони ҳар яки шумо – ҳамватанони азиз – сулҳу оромӣ, хушбахтиву саодат ва файзу баракат ҳукмрон бошад.

Саломату сарбаланд бошед!

Октябрь 14, 2024 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Дар Хуҷанд якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд