СУРАТГУЗОРИШ. Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо мавзеи обанбори НБО –и «Роғун» шинос шуданд

Октябрь 30, 2024 16:27

ДУШАНБЕ, 30.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 сол муқаддам, 29 октябри соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими дигарсозии маҷрои дарё барои бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» иштирок намуда, савори булдозер расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро тағйир дода, обро тариқи нақбҳои бузурги обгузар равона сохтанд ва ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз бахшиданд.

Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат маҳз дар ин санаи таърихӣ барои инъикоси ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», фаъолияти сохтмончиёни ин иншооти муҳими аср ва татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дидани ин неругоҳ рафтанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода аз ҷараёни фаъолияти ин иншооти бузурги аср суратгузориш омода намудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 30, 2024 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахассисони соҳаи энергетикаи Қирғизистон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» баҳои баланд дод
Лоиҳаҳои сохтмони НБО-и «Роғун» ва таҷдиди НБО-и «Норак» бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«РОҒУН» — БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин неругоҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад
Бо пурра ба истифода додани неругоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ таъмин мегардад
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роботи махсуси кафшерӣ ба истифода дода шуд
Беш аз 15 ҳазор оилаҳои дар минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» қарордошта бо манзили доимии зист ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони НБО «Роғун»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ду агрегати аввалини НБО «Роғун» то имрӯз 9,1 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст»
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» беш аз 18 ҳазор коргарон ва кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони НБО «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар НБО «Роғун» бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд