Табибони нефрологи тоҷик ба даври омӯзишӣ фаро гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 22.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 26 октябр барои мутахассисони нефрологияи калонсолон ва кӯдакони Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ва Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» даври омӯзишӣ гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Даври омӯзиши бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Анҷумани нефрологҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон доир шуда, дар он ба табибон роҳу усулҳои нави ташхису табобати бемориҳои нефрология омӯзонида мешаванд.
Нефролог табибе аст, ки дар табобати бемориҳои гурда тахассус дорад. Нефрологҳо донандаи бемориҳое мебошанд, ки ба гурда таъсир мерасонанд. Онҳо инчунин дар бораи он, ки чӣ гуна бемории гурда ё халалдор шудани кори гурдаҳо метавонад ба дигар узвҳои бадани инсон таъсир расонад, маълумоти кофӣ дошта, беморонро табобат менамоянд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд






