Тоҷикистон ва Молдова ҳамкориро дар самтҳои мухталиф баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кишинёв мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова (бо қароргоҳ дар Киев) Давлаталӣ Назризода бо котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Молдова Сергей Михов баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Молдова дар самтҳои мухталиф, ҳамчунин оид ба ҳамкории ду мамлакат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Инчунин дар шаҳри Кишинёв вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова Давлаталӣ Назризода бо президенти Палатаи савдо ва саноати Молдова Сергей Харя доир гардид.
Зимни мулоқот роҷеъ ба роҳҳои густариш ва тавсеаи ҳамкории судманди тиҷоратӣ, иқтисодӣ, саноатӣ ва кишоварзӣ табодули назар доир шуд.
Дар мулоқоти Давлаталӣ Назризода бо котиби генералии Вазорати кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Ҷумҳурии Молдова Сержиу Герчиу таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳким ва рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Молдова дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ равона гардид. Ба роҳ мондани робитаҳои судманд, аз ҷумла табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи боғдорӣ ва ангурпарварӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Намояндаи Дафтари миллии ангур ва шароби Ҷумҳурии Молдова Владимир Коробка, ки дар мулоқот иштирок дошт, доир ба таҷрибаи бойи ангурпарварон ва шаробсозони кишвараш, аз ҷумла оид ба истеҳсоли навъи нави шароб бе машруботи спиртӣ маълумот дод.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар шаҳри Варшава барои ҷавонони тоҷик мусобиқаи футбол ташкил карда шуд
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойҷон баррасӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Барномаи чорабинии байналмилалӣ аз кадом бахшҳо иборат хоҳад буд?
Сафири Тоҷикистон бо муовини Фармондеҳи генералии Қӯшунҳои сарҳадии Лаҳистон вохӯрӣ кард
Сафари таърихии давлатӣ ба Чин. Натиҷаҳо беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ва ҷалби зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар дафтари СММ дар Арабистони Саудӣ оид ба Конфронси Душанбе чорабинӣ доир гардид
Нақши Тоҷикистон ҳамчун пешбарандаи дипломатияи об дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Абузабӣ таъкид гардид
Дар Туркманистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Лаҳистон мулоқот намуд
Ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон бо Созмони байналмилалии ҳуқуқи рушд баррасӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси чоруми Душанбе се санади муҳими ҷамъбастӣ қабул карда мешаванд






