Забони тоҷикӣ давоми бештар аз сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ муҳимтарин омили ваҳдат ва сарҷамъии миллат гардид
ДУШАНБЕ, 05.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита.
Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатӣ Диловар Пирзода таъкид дошт, ки Истиқлоли давлатӣ имкон дод забони тоҷикӣ бе маҳдудият дар ҳамаи соҳаҳову бахшҳои ҳаёти ҷомеа мавриди истифода қарор гирад.
Бо муҳайё шудани имкону шароити бештар дар мамлакат давра ба давра барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ шуданд. Аз ҷумла, Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки 29 ноябри соли 2020 аз тарафи Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, дурнамои рушди забони модариро барои даҳ соли оянда дар бар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона гардидааст.
Забони тоҷикӣ давоми бештар аз сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ муҳимтарин омили ваҳдат ва сарҷамъии миллат гардид ва бори дигар матлаби бинои ҳастӣ ва бақову пойдории миллат будани забонро ба таври шоиста исбот намуд.
Ҳамаи ин дастовардҳо бо ташаббус, роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд ва ҳар яки моро зарур аст, ки забони давлатиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди забони давлатӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ташакулли забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ ва таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуд.
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






