ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард

Июнь 11, 2026 09:12

ДУШАНБЕ, 11.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Иқтисоди «сабз» яке аз самтҳои муосири илми иқтисод буда, тайи ду даҳсолаи охир ба арсаи илм ворид гардидааст. Дар доираи он бахшҳои дигари иқтисод, ки аз ҷузъҳои табиати муҳити атроф вобастагӣ доранд, баррасӣ мешаванд. Аз ин рӯ, солҳои охир ибораи иқтисоди «сабз» вирди забони олимон, сиёсатмадорон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ, энергетика, иқтисод ва дигарон гардидааст.

Пешрафти иқтисоди «сабз» идомаи мантиқии рушди устувор буда, ҳамбастагии унсурҳои рушди иқтисодӣ ва устувории экологиро инъикос менамояд. Иқтисоди «сабз» ба се принсипи асосӣ такя мекунад: истифодаи механизмҳои бозоргонии рушди устувор, нигоҳдории сармояи табиӣ дар ҳамаи сатҳҳо ва таъмини шуғли аҳолӣ аз ҳисоби ташкил кардани ҷойҳои кории «сабз».

Татбиқи амалии иқтисоди «сабз» истифодаи воситаҳои муайянро тақозо мекунад. Аз ҷумла, истифодаи нақлиёти ҷамъиятии барқӣ, манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бунёди биноҳои аз ҷиҳати энергия босамар, дастгирии давлатии мақсадноки таҳқиқот ва корҳои илмии марбут ба истифодаи технологияҳои тозаи экологӣ, нархгузории мутобиқ ба принсипҳои рушди устувор, дуруст муайян намудани арзиши захираҳои табиӣ ва андозбандии захираҳое, ки истихроҷашон ба муҳити зист зарар мерасонад, татбиқи сиёсати хариди давлатӣ нисбат ба субъектҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти экологӣ ва истифодабарандаи усулҳои истеҳсолии ба принсипҳои рушди устувор мутобиқ.

Ин амал имкон медиҳад дар соҳаҳои иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва расидан ба ҳадафи олии рушди дарозмуҳлат ва устувори Тоҷикистон, инчунин баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми мамлакат, таъмин карда шавад.

Дар раванди бартараф кардани оқибатҳои буҳронҳои молиявӣ иқтисоди ҷаҳонӣ ба як қатор ҳодисаҳои ҳамдигарро тақвиятдиҳандаи экологию иқтисодӣ рӯ ба рӯ мешавад, ки тағйирёбии иқлим, болоравии нархи молҳои асосии озуқаворӣ, бадшавии ҳолати гуногунии биологӣ ва экосистемавӣ, камшавии дастрасӣ ба захираҳои об, афзоиши теъдоди садамаҳои технологӣ, афзудани хароҷот ва ғайра, аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ин тағйирот вазъияти иҷтимоиро боз ҳам мушкилтар ва тезу тунд намуда, боиси фишори хеле зиёд ба табиат мешаванд. Ин бори дигар собит месозад, ки иқтисодиёт қисми низоми мураккаби табиию иҷтимоӣ буда, унсурҳои он ба ҳам вобаста ва таҳаввули онҳо на ҳама вақт пешбинишаванда аст.

Айни замон инсоният ба яке аз марҳилаҳои муҳими таърихии худ расидааст, ки дигаргунсозии сохтори иқтисодиётро тақозо намуда, гузариш ба зинаи нави фарҳанги моддиро талаб менамояд. Бинобар ин зарур аст, ки дар ин зина имкониятҳои табиии аллакай коҳишёфтаи сайёра аз нав барқарор карда шуда, боиси ба саҳнаи ҷаҳонӣ арзи ҳастӣ намудани раванди иқтисоди «сабз» чун амри зарурӣ шаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори амалисозии принсипҳои иқтисоди «сабз» буда, дар ин раванд барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард ва бо мақсади таъмини рушди мамлакат ва нигоҳ доштани мувозинати экологӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии навро таҳия ва қабул намуд.

Тибқи Созишномаи Париж, ки 12 декабри соли 2015 дар ҳамоиш оид ба тағйирёбии иқлими Созмони Милали Муттаҳид қабул шуда буд, барои ҳалли муаммоҳои экологӣ дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ва пешбарандаи иқтисоди «сабз» аз ҷониби мамлакатҳои мутараққӣ ҷудо кардани 100 миллиард доллари Амрико муайян шудааст, ки ин равандро устувортар мегардонад. Тақвияти талабот ба раванди ҷорӣ намудани иқтисоди «сабз», бештар ба назардошти буҳронҳои иқлимӣ, экологӣ, озуқаворӣ, молиявӣ ва иқтисодии солҳои охир дар ҷаҳон мушоҳидашаванда, марбут аст.

Дар ду даҳсолаи охир раванди татбиқи иқтисоди «сабз» ташаккул ёфта, бояд ҳамоҳангсозии мутаносиби се ҷанбаи рушд — иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологиро таъмин намояд. Вобаста ба ин, раванди рушди иқтисоди «сабз» устувор буда, ҳадафи асосии он дар давраи дарозмуддат таъмин намудани рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ мебошад. Иқтисоди «сабз» инчунин фаъолияти иқтисодие мебошад, ки бо истеҳсол, тақсимот ва истеъмоли молу хизматрасониҳо алоқаманд буда, некӯаҳволии мардум ва нигоҳдории сармояи табииро, мудати дароз, таъмин менамояд.

Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондан ва рушди иқтисоди «сабз» дорои табиати нотакрор, обҳои мусаффо ва манбаъҳои барқароршаванда, захира ва имкониятҳои зиёд дошта, дар ҳудуди он беш аз 64 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд. Неруи барқ дар мамлакат асосан аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол карда мешавад.

Дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон гидроэнергетика манбаи асосии таъмини аҳолӣ ва иқтисодиёти миллӣ бо энергия буда, неруи барқ асосан аз неругоҳҳои барқи обӣ ҳосил мегардад. Дар Тоҷикистон соле 527 миллиард кВт/соат қувваи барқ истеҳсол шуда, айни ҳол танҳо 6 фоизи ин иқтидор аз худ карда шудааст.

Бо соле мавҷуд будани 280 — 330 рӯзи офтобӣ ва дар маҷмуъ 2 000 кВт/м2 шиддатнокии радиатсияи офтобӣ, иқлими Тоҷикистон барои истифодаи энергияи офтобӣ, ҳамчун сарчашмаи аз рӯйи аҳамият дуюмдараҷаи энергияи барқароршаванда, хеле мусоид буда, ин дар қиёс бо давлатҳои пешрафтаи истифодабарандаи васеи энергияи офтобии Аврупо ду маротиба зиёд мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик бо истифода аз ин иқтидорҳо, метавонад дар ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол намуда, ба содироткунандаи азими қувваи барқ дар минтақа табдил ёбад.

Бо назардошти талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистон, инчунин дорои имкониятҳои рушди кишоварзии органикӣ, инфрасохтору нақлиёти барқӣ ва савдои «сабз» мебошад. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад барои ташаккули иқтисоди «сабз» фаъолиятро дар самтҳои зерин амалӣ намояд:

— самти иқтисодӣ, ки дар он бо мақсади пешбурди иқтисодиёти босамар ва камкарбон, аввалан аз чораҳои маъмурии маҳдудкунии ҳаҷми ихроҷҳо ба атмосфера истифода бурда мешавад;

— воситаҳои иқтисодӣ, ки асоси онҳоро андозбандии «сабз», пардохтҳои экологӣ ва субсидияҳои «сабз» ташкил медиҳанд;

— ташкили махзани маълумотии дахлдор ва низоми идоракунии ба шарикии давлату бахши хусусӣ такякунанда;

— мусоидат ба сармоягузории «сабз» ба технологияҳо, сайёҳии экологӣ, маориф ва илм, афзоиши даромад ва шуғли аҳолӣ, кам кардани ихроҷи гази карбон ва ифлосшавии муҳити зист ва дар ин асос баланд бардоштани самарабахшии энергия ва захираҳо;

— истифодаи самараноки самти экологии иқтисоди «сабз» дар асоси истифодабарии бошиддати манбаъҳои маъдании (зеризаминии) энергияи тамомшаванда, ки аз як тараф ба иқлим таъсири манфӣ расонда, аз тарафи дигар боиси маҳдудияти захираҳои табиӣ барои наслҳои оянда мегардад.

Мақсади самти иқтисодӣ баланд бардоштани сифати рушди иқтисодӣ, рушди технологияҳо (аз ҷумла «сабз») ва навовариҳо, рушди иқтисодии аз ҷиҳати экологӣ устувор, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши сармоягузории «сабз» мебошад.

Самти иҷтимоӣ баланд бардоштани некуаҳволӣ, таъмини дастрасии тамоми қишри ҷомеа ба маҳсулоти асосӣ ва неъматҳо (молҳои ғизоӣ ва ғайриозуқа) ва хизматрасониҳо (нақлиётӣ, сохтмонӣ, хоҷагию манзилӣ), ки ба дарозумрӣ таъсир мерасонад равона шудааст.

Самти экологӣ дорои хусусиятҳои нигоҳ доштани сармояи табиӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои экологӣ, кам кардани ихроҷи гази карбон (СО2), таъмини самаранокии истифодаи неруи барқ ва баланд бардоштани маърифати экологӣ мебошад.

Ягонагии ин се самт метавонад дар Тоҷикистон рушди устуворро таъмин ва барои барқарор кардан, нигоҳ доштан ва афзоиши сармояи табиии мамлакат, ба андозаи муайян мусоидат намуда, ба рушди маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва мутобиқшавии ҷумҳурӣ ба тағйирёбии иқлим таъсир расонад.

Сарвари давлат дар баромадҳояшон доимо таъкид менамоянд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ гардида, аз таъсири манфии пайомадҳои он мамлакати мо низ истисно нест. Бо мақсади дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти экологии сайёра, ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, давоми ду даҳсолаи охир давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, сохторҳои минтақавию байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро ба ҳам овардаанд. То имрӯз, бо пешниҳоди Тоҷикистон, 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардида, ба татбиқи ҳадафҳои мушаххас, аз ҷумла «Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030» асос гузоштаанд.

Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ мебошад. Амалӣ намудани ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои байналмилалии истифодаи об ва ҳифзи пиряхҳо яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисоди «сабз» ба ҳисоб рафта, барои беҳдошти вазъи обҳои тозаи нӯшокӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ созгор мебошад. Ин нуқта инчунин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хуб матраҳ шуда, яке аз ҳадафҳои асосии рушди иқтисоди «сабз»-ро бозгӯ мебошад.

Аслан, агар давоми даҳсолаҳои охир, ҳангоми истеҳсоли молу маҳсулот, иқтисодиёти анъанавӣ ба муҳити зист бештар дар шакли партовҳо таъсири манфӣ расонда шуда бошад, рушди иқтисоди «сабз», баръакс партовҳои истеҳсолиро ба занҷираи нави истеҳсолӣ баргардонида, хатарҳои экологиро ба муҳити зист камтар менамояд.

Имрӯз аксари мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ рушдкарда, ҳангоми арзёбии рушди иқтисодиёт омилҳои экологиро дар мадди аввал гузошта, ба муҳити зисти одамон таъсири манфӣ нарасонидани онро омили асосӣ мешуморанд. Ин аст, ки давоми даҳсолаҳои охир мавзуи рушди иқтисодиёти «сабз» аз ҷониби олимону коршиносони сатҳи баланд дар форуму ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ садо дода, роҳбарони аксар мамлакатҳо ба ин мавзуъ диққати махсус медиҳанд.

Президенти Тоҷикистон низ чандин маротиба аз минбарҳои баланд оид ба ин мавзуъ суханронӣ намуда, иқтисоди «сабз» ва истеҳсоли энергияи камхарҷу аз нигоҳи экологӣ тозаро ҳамчун омили муҳими рушди иқтисодиёт ва истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, алалхусус гидроэнергетика ва шаклҳои алтернативии он, нақлиёти бо қувваи барқ ҳаракаткунанда, сӯзишвории биологӣ ва амсоли инҳоро барои рушди иқтисодиёти мамлакатҳо муҳим арзёбӣ намудаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба «кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон санадҳои марбута қабул намудааст, ки мо онҳоро болотар номбар кардем ва дар бораи баъзеашон муфассалтар истода мегузарем.

«Барномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Кишвари сабз» барои солҳои 2023-2027» дар асоси «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия гардида, бо мақсади коҳиш додани таъсири манфии омилҳои инсонӣ ба муҳити зист нигаронида шудааст.

Амалӣ намудани Барномаи миллии «Кишвари сабз» имкон медиҳад дар ҳазорҳо гектар замин ниҳолу буттаҳо шинонида шаванд. Барнома ҷиҳати давоми солҳои 2023-2027 ба коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, гузариш ба иқтисоди «сабз», таъмини нигоҳдории устувории низоми табиӣ, васеъ намудани майдони ҷангалзор, боғу токзор, минтақаҳои сабз, ташкил ва васеъ намудани масоҳати минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва таъмини рушди устувор ва амнияти экологии аҳолӣ нигаронида шудааст.

Дар «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037» раванди пешрафти иқтисоди «сабз» идомаи мантиқии рушди устувор шуморида шуда, ҳамбастагии унсурҳои рушди иқтисодӣ ва устувории экологиро инъикос намуда, ба се принсипи асосӣ такя мекунад:

— истифодаи механизмҳои бозоргонӣ барои ба даст овардани рушди устувор;

— нигоҳдории сармояи табиӣ дар сатҳи милливу байналмилалӣ;

— таъмини шуғли аҳолӣ аз ҳисоби ташкили ҷойҳои кории «сабз».

Ҳадафҳои «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», дар баробари коҳиш додани сатҳи осебпазирӣ ба омилҳои тағйирёбии иқлимӣ, барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳҳои пешбурди технологияҳои инноватсионӣ ва эҷоди ҷойҳои кории «сабз», тавсияҳо пешниҳод менамояд.

Барнома ҷиҳати муваффақияти гузариши «сабз» ва таъмини амнияти захираҳои об, озуқаворӣ ва энергетикӣ, ҷалб намудани маблағгузории бахши хусусӣ, рушди иқтисоди дорои сатҳи пасти гази карбон аҳамияти калидӣ дошта, метавонад бо истифодаи стратегияҳои муассири мутобиқшавӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим, ба болоравии сатҳи содирот, таъсисдиҳии ҷойҳои корӣ ва ҳифзи қишри осебпазири аҳолӣ мусоидат намояд.

Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2040» дар мамлакат бояд беш аз 2 миллиард бех дарахт шинонида шуда, Тоҷикистон ба «мамлакати сабз» табдил дода шавад.

Ҳангоми гузариш ба «Иқтисоди сабз», дар рушди устувори Тоҷикистон, технологияҳои сабз нақши калидӣ дошта, қадами навбатии он «Роҳи нави ҷаҳонии сабз», ҳамчун самти рушди ҷаҳонӣ ва дорои имконияти ба низоми иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонӣ баргардонидани устувории иқтисодиро инъикос менамояд. Аз ин рӯ, марҳилаи татбиқи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2037» идома дошта, барои беҳбудии вазъи экологӣ, иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити ҷойҳои нави корӣ, ба танзим даровардани муносибатҳои байналмилалӣ, дипломатияи фарҳангӣ, сармоягузорӣ ва фароҳам овардани фазои озоди тиҷорат байни мамлкатҳои мухталиф, мусоидат менамояд.

Бо назардошти афзалияти технологияи иқтисоди «сабз» дар рушди иқтисоди миллӣ дар самти рушди устувор ва густариши он, бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Пажуҳишгоҳи илмиву таҳқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз таъсис дода шуд. Ин имконият медиҳад дар ин самт кадрҳои баландихтисос тарбия ва таҷрибаи дигар давлатҳо таҳлилу баррасӣ ва омӯхта шуда, ба рушди стратегии мамлакатамон таъсири мусбат расонида шавад.

Алишо ШОМАҲМАДОВ,
Маҳмад САФАРОВ,
кормандони Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС аз манбаъҳли боз

Июнь 11, 2026 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад