Ҳамкории мақомоти мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Қатар таҳким меёбад

Ноябрь 26, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 26.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ имрӯз дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бо Президенти Идораи назорати маъмурӣ ва шаффофияти Давлати Қатар Ҳамад бин Носир Ал Миснад мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба масъалаи равобити дуҷониба дар самти муқовимат ба коррупсия ва тадбирҳои андешида дар ин самт мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки  ояндаи наздик бо мақсади густариши ҳамкории байниидоравӣ санади дахлдор таҳия ва ба имзо мерасонанд.

Дар интиҳо барои рушди робитаҳои дуҷониба дар самти муқовимат ба коррупсия изҳори боварӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки тавофуқоти ҳосилшуда ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории ду мақомоти бо коррупсия муборизабаранда заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 26, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд