Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи касбии Заоҷуани Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Ноябрь 21, 2024 16:32

ДУШАНБЕ, 21.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи касбии Заоҷуани Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хабар доданд.

Созишнома зимни вохӯрии намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сафари корӣ дар ин мамлакат қарор доранд, аз ҷониби роҳбарияти ин донишгоҳҳо имзо гардид.

Дар заминаи ин созишнома амалӣ намудани робитаи мустақими ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ду муассисаи олӣ дар назар дошта шуда, метавонад ба рушду тавсеаи бештари робитаҳои илмӣ ва дар амал татбиқ намудани илм дар истеҳсолот нақши арзанда гузорад.

Ҳамзамон зимни вохӯрӣ доир ба рушди ҳамкорӣ дар самти паркҳои технологӣ, татбиқ гардидани илм дар истеҳсолот, лоиҳаҳои дуҷониба, табодули омӯзгорону донишҷӯён, чопи мақолаҳо, додугирифти илмӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯйи судманд доир шуд.

Зимни суҳбат таваҷҷуҳи зиёд ба тавсеаи ҳамкории илмӣ ва илм дар истеҳсолот зоҳир гардид. Дар ин самт бештар фаъол намудани робитаи паркҳои технологӣ, истеҳсоли маҳсулот ва ба ин васила бештар намудани иқтидори онҳо зарур шуморида шуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Ноябрь 21, 2024 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд