«БРАМОМ-4». Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ бо натиҷаҳои миёнамуҳлати лоиҳа шинос гардид

Ноябрь 13, 2024 10:50

ДУШАНБЕ, 13.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои миёнамуҳлати лоиҳаи «Беҳдошти роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» («БРАМОМ-4») зимни вохӯрии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Абдул Ҳамид Халилӣ баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазири нақлиёт иброз дошт, ки ин марҳила махсус буда, ки барои арзёбии ҳадафҳои ибтидоии рушди лоиҳа, аҳамият ва дараҷаи расидан ба онҳо муносибати ҳамаҷониба талаб мекунад.

Таъкид шуд, ки татбиқи лоиҳа дар сохтмони қитъаҳои роҳҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 58,1 фоизро ташкил дод, ки 6,71 фоиз аз нишондиҳандаи нақшавӣ бештар аст. Дар қитъаҳои роҳҳои вилояти Суғд иҷрои нақша 46,01 фоизро ташкил медиҳад.

«Умедворем, ки бо дастгирии фаъолонаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мо ба татбиқи Лоиҳаи марҳилаи чоруми Барномаи беҳдошти роҳҳои минтақавии алоқа дар Осиёи Марказӣ  муваффақ мегардем», — изҳор дошт Вазири  нақлиёт.

Ҷонибҳо масоили вобаста ба лоиҳаи «БРАМОМ-4», инчунин дар доираи ин лоиҳа маблағгузории таҷдиди роҳи 32-километраи «Гулистон-Кӯлоб»-ро дар вилояти Хатлон баррасӣ  намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Бонки ҷаҳонӣ аз 11 то 29 ноябри соли равон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар татбиқи марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳдошти роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4» ва омода намудани ҳисоботи миёнамуҳлати лоиҳа бо Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва шарикону мушовирон якчанд мулоқот доир мекунад. То охири ҳафта гурӯҳи корӣ барои шиносоӣ бо  сохтмон дар 4 қитъаи роҳ ба вилояти Суғд сафар мекунад.

Дар доираи татбиқи марҳилаи 1-уми лоиҳаи «Беҳдошти роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони пул аз болои дарёи Ғунд, воқеъ дар шаҳри Хоруғ ва сохтмони роҳҳои ба он пайвастшаванда, бунёди роҳи автомобилгард дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон бо дарозии 3,4 км бо назардошти сохтмони ду долони зиддитармавӣ ва сохтмони як пул пешбинӣ шудааст.

Дар ҳудуди вилояти Суғд навсозӣ ва таҷдиди 4 қитъаи роҳи автомобилгарди «Куруш–Бекобод», «Деҳмой–Ғафуров», «Ғафуров–Хистеварз» ва «Конибодом–Кучкак» бо дарозии умумии 51,2 км ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи марҳилаи  2-юми лоиҳа баланд бардоштани сатҳи низоми идоракунии дороиҳои роҳ тавассути таҳвил ва насби тарозуҳои баркашии вазни воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат (weigh-in-motion; WIM) дар қитъаҳои алоҳида, насби бастаҳои барномавие, ки барои таъмини баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва таҳлили маълумот дар бораи ҳолати шабакаи роҳҳои автомобилгард, шиддатнокии ҳаракат дар роҳ, мувоҷеҳ шудан бо хатарҳои табиӣ ва тартиб додани нақшаҳои  тадбирҳои  аввалиндараҷа оид ба нигоҳдории техникӣ ва таъмир пешбинӣ шудаанд, амалӣ карда мешавад.

Инчунин дар доираи ин марҳила таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ тавассути дастгирии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар баланд бардоштани сатҳи истифодаи тасмаи бехатарӣ дар нақлиёт, таҳияи Стратегияи баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳ ва таъсиси Обсерваторияи бехатарии ҳаракат дар роҳ, мустаҳкамкунӣ ва сохтмони панҷараҳои муҳофизатӣ дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои автомобилгард дар маҳалҳои мураккаби кӯҳӣ дар назар дошта шудааст.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 13, 2024 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид
Масоили соҳаи роҳсозӣ ва роҳдорӣ дар Осиёи Марказӣ дар Конфронси панҷуми байналмилалии CARS-2026 дар Душанбе баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши андозии кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
«Shohin Airlines» як ҳавопаймои навъи L-410-ро вориди парки ҳавопаймоҳояш намуд
Дар Брест ҷаласаи 83-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои ИДМ баргузор гардид
Форуми «CAPIF-5» дар Душанбе ба таҳкими пайвастагии рақамӣ ва рушди ҳамкории интернетии Осиёи Марказӣ бахшида шуд
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Лорд Ҷон Алдердайс самтҳои афзалиятноки соҳаҳои идоракунии молияи давлатӣ ва рақамикунониро баррасӣ намуданд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид