Дар 10 моҳи имсол дар вилояти Суғд 1559 тонна асал истеҳсол гардидааст

Ноябрь 19, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 19.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. То якуми ноябр дар вилояти Суғд 80 525 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 578 оила зиёд аст. Дар 10 моҳи имсол дар вилояти Суғд 1559 тонна асал истеҳсол шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни баргузории Фестивали асал, картошка ва анор бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд иттилоъ дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи «Барномаи маҷмуавии рушди бахшҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ барои солҳои 2023-2027» аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занбӯриасалпарварони шаҳру ноҳияҳои вилоят 520 оилаи занбӯри асал ва 400 модарзанбӯри зотӣ барои баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва беҳтар кардани зот дастрас карда шуд.

Дар вилояти Суғд занбӯрпарвари соҳибтаҷриба Очилбой Ҳабибов 1000 оилаи занбӯри асал парвариш менамояд. Аз ҳамин ҳисоб ҳамасола 1000 оилаи занбӯри асалро ба дигар хоҷагиҳо фурӯхта, фоидаи иловагӣ мегирад.

Занбӯрпарварӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад. Коршиносони соҳа исбот намудаанд, ки дар натиҷаи бо занбӯри асал гардолуд шудан ҳосили зироату боғот ва дигар растаниҳои энтомофилӣ аз 30 то 50 фоиз меафзояд. Ғайр аз ин ба фурӯш баровардани маҳсулоти занбӯри асал, аз қабили асал, мум, прополис, гарди гул, шираи модарзанбӯр, заҳри занбӯр ва ғайра дар дохил ва хориҷи мамлакат боиси даромади зиёд, ворид гардидани асъори хориҷӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми ҷумҳурӣ мегардад. Аз ин рӯ занбӯрпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромади муҳими иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, ба беҳдошти вазъи иқтисодии аҳолии деҳот мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 275,5 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад. Имсол занбӯрпарварони мамлакат 4260 тонна асал истеҳсол намуданд.

 АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 19, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад