Дар Ашқобод ҷаласаи 48-уми Шурои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 13.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15-16 ноябр дар Ашқобод ҷаласаи 48-уми Шурои байниҳукуматии роҳсозони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Дар ҷаласа намояндагони созмонҳои роҳсозии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбарони вазоратҳои нақлиёти давлатҳо ва аъзои созмонҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар додааст.
Мавзуи ҷаласа «Сохтмон ва истифодаи роҳҳои мошингард, татбиқи технологияи нав, маҳсулот, техника ва таҷҳизоти муосир дар соҳаи роҳсозӣ» мебошад. Зимни ҷаласа асосан масъалаҳои лоиҳакашӣ, сохтмон, муосиркунонӣ ва истифодаи роҳҳои мошингард баррасӣ карда мешаванд.
Иштирокчиён тамоюли муҳим ва мушкилотеро, ки хадамоти роҳи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо он рӯ ба рӯ мешаванд, баррасӣ намуда, таҷрибаи дар соҳаи инноватсия ва рушди устувори инфрасохтор ҳосилнамударо мубодила мекунанд.
Шурои байниҳукуматии роҳсозон соли 1992 ташкил шуда буд. Ин созмони беназир маъмурияти нақлиёти автомобилӣ ва корхонаҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар чаҳорчӯби шарикии давлат ва бахши хусусӣ муттаҳид мекунад. Шуро аз замони таъсис барои фаъолияти самараноки инфрасохтори автомобилӣ ва роҳсозии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил якчанд қарори муҳим таҳия намудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар вилояти Суғд шумораи корхонаҳои саноатӣ нисбат ба соли 1991 беш аз ҳазор адад зиёд шудааст
Дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон се стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб карда шуд
Ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом доир гардид
Дар ноҳияи Мастчоҳ тадбирҳои агротехникӣ барои ҷамъоварии ҳосили зироат идома доранд
Дар Душанбе нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 оғоз ёфт
«ИСТИҚЛОЛ» — ЗУҲУРОТИ НАВИ АМЕТИСТ. Он бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст
Дар ҷаласаи Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ баррасӣ шуд
Раванди татбиқи барномаи иммунопрофилактика ва Консепсияи иқтисоди рақамӣ баррасӣ шуд
Хати магистралии алоқаи «Душанбе–Хоруғ–Қулма» то охири моҳи сентябр ба истифода дода мешавад
Нахустин гурӯҳи роҳбаладони «Shohin Airlines» барои гузаштани омӯзиши касбӣ ба Turkish Aviation Academy фиристода шуд
Дар Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конфронси байналмилалӣ доир шуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Шумораи корхонаҳои парандапарварӣ қариб 11 маротиба бештар шуд






