Дар Чин Созишнома дар бораи воридшавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Иттифоқи Донишгоҳи Абрешим ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 08.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Чин Созишнома дар бораи ворид шудани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Иттифоқи Донишгоҳи Абрешим ба имзо расид. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, ки созишнома дар доираи конфронси байналмилалӣ, ки аз 1 то 5 ноябр баргузор шуд, ба имзо расид.
Таъкид гардид, ки бо ҳамроҳ гардидани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Иттифоқи Донишгоҳи Абрешим дар оянда ҳамкории илмӣ густариш ёфта, дар кашф намудани истеъдодҳои барҷаста саҳм мегузорад.
Ҳамзамон ворид шудани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Иттифоқи Донишгоҳи Абрешим падидаи нав дар соҳаи илмҳои технологияи инноватсионӣ ва илмӣ буда, ба ҳалли мушкилоти глобалӣ мусоидат менамояд.
Ҳадаф аз густариши ҳамкории илмӣ бо муассисаҳои илмии мамлакатҳои хориҷӣ- ин, пеш аз ҳама, муаррифии илми ватанӣ мебошад.
Иттифоқи Роҳи Абрешим ташкилоте аст, ки бо мақсади бунёди барномаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва мусоидат ба мубоҳиса ва рушди минтақавӣ таъсис ёфтааст. Ҳоло зиёда аз 200 донишгоҳи бонуфузи 40 мамлакати ҷаҳон аъзои ин ташкилот буда, дар соҳаҳои гуногун ҳамкорӣ менамоянд. Дар доираи ин ҳамкорӣ форуми президентҳо, намоишгоҳҳои таълимӣ, машваратҳои академӣ ва суҳбатҳо баргузор мешаванд.
АКС:Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд






