Дар Донишгоҳи миллӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиши илмию фарҳангӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 11.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябр) ва 32-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Зимнан таъкид шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикстон 16 ноябр аз соли 2016 инҷониб Рӯзи Президент эълон гашта, ҳамчун ид ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. 16 ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ интихоб гардида, минбаъд ҳамчун Президент ба фаъолият шуруъ намуданд.
Таҷлили ин рӯзро метавон ҳамчун давраи баландбардории ҳисси миллӣ, хештаншиносӣ, фараҳу шодкомӣ ва саодату шарафмандии ҳар фарди ватандӯсти тоҷик унвон кард. Имрӯз моро зарур аст, ки дар атрофи Президенти Тоҷикистон ҷамъ оем, ба корномаи беназири Пешвои миллат эҳтиром дошта бошем ва бар зидди ҳар ҷараёну таҳдиди ҷаҳони муосир сина сипар созем.
Ҳамасола дар мамлакат 16 ноябр якбора ду рӯйдоди муҳими тақдирсоз — яке Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин ду ҷашн бо ҳам тавъам буда, барои бунёди давлатдории миллӣ ва халқи Тоҷикистон аҳамияти хеле бузург доранд, зеро Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз баъд аз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Раиси Шуро интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккулу инкишоф ёфта, ба дастовардҳои нодир дар ҳама самтҳо ноил гардид.
Иштирокдорон иброз доштанд, ки дар таъмини сулҳ ва барқарор намудани инфрасохтори давлат Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши тақдирсоз бозидааст. Бо ҳисси сарфарозиву ифтихор метавон гуфт, ки пас аз баргузории ин иҷлосияи муҳимми таърихӣ халқи тоҷик бо ҳамдигар муттаҳид шуда, дар сарзамини тоҷикон сулҳу ваҳдат ва тинҷиву амонӣ ҳукмфармо гардид.
Дастовардҳои бузурги Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешрафту шукуфоӣ, ваҳдату ягонагӣ, созандагию бунёдкорӣ ва обрӯю нуфузи мамлакати соҳибистиқлоламон дар арсаи байналмилалӣ- ин ҳама самараи заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва хастагинопазири фарзанди фарзонаи миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид






