Дар Душанбе афзалияти стратегии рушди шуғли пурмаҳсул баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодии «Тавозун» дар мавзуи «Рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид, ки ҳадаф аз он баррасии ҷанбаҳои ин самт, афзалияти стратегӣ, инчунин мушкилот ва имконот мебошад. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар маҳфил таъкид шуд, ки шуғли пурмаҳсул масъалаҳои пайвасти суръати рушди иқтисодӣ, ҳифзи манфиат ва ҳуқуқҳои кормандон ва ҳамчунин омили муҳиму самаранокро дар роҳи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат дар бар мегирад. Таъмини шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон ба афзоиши пасандозҳо ва сармоягузориҳо бевосита мусоидат мекунад.
Бояд гуфт, ки дар мамлакат 28 майи соли 2022 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» қабул гардид. «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» аз панҷ самти калидии сиёсати миллӣ дар соҳаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла васеъ намудани соҳаи шуғли пурмаҳсул; донишу малака, технология ва имконияти шуғли пурмаҳсул; рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул; ниҳодҳо ва барномаҳои бозори меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ иборат аст.
«Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» бо мақсади мусоидат ба амалисозии муқаррароти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар он сиёсат дар бораи васеъ гардондани шуғли пурмаҳсули аҳолӣ ҳамчун яке аз чор самти афзалиятноки асосии рушди мамлакат муқаррар шудааст, таҳия гардидааст.
«Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дуюмин стратегияи дарозмуддати рушди мамлакат дар таърихи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар он ҳадаф ва афзалияти рушди дарозмуддат бо назардошти сабақҳои андӯхта, орзуву ниятҳои мардуми мамлакат, захираву имконияти мавҷуда, омилҳои беруниву дохилӣ ва пешбиниҳои раванди сиёсиву иқтисодии ҷаҳониву минтақавӣ муайян карда шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






