Дар Хоруғ 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон ба таври тантанавӣ таҷлил гардид

Ноябрь 5, 2024 13:09

ДУШАНБЕ, 05.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барномаи идона баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлтаии шаҳри Хоруғ.

Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода изҳор намуд, ки «мояи шодмониву сарфарозии мо, тоҷикон аст, ки имрӯз бо якмаромиву муттаҳидӣ ва ваҳдату сарҷамъӣ дар фазои орому осудаи Ватани маҳбубамон 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Бахтномаи миллатро таҷлил менамоем. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол қабл дар марҳилаи басе ҳассосу таърихӣ қабул гардид. Он ҳуҷҷате аст, ки фазои амалаш маҳдуд набуда, сарнавишт ва роҳи пешрафти ояндаи халқу давлатро давоми даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо муайян мекунад».

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият ба ҳисоб рафта, он ҳамчун санади муқаддас ва тақдирсоз роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо муайян намудааст.

Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул шудааст. Бо қабул гардидани Конститутсия халқи Тоҷикистон бори нахуст баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид. Бузургтарин дастоварди Конститутсияи мо- ин арзиши олӣ эътироф гардидани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он маҳсуб мешавад.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол баёнгари орзую ормони халқ буда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохтори чамъият, шакли идоракунӣ ва ташкили ҳудуди давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян мекунад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

 

Ноябрь 5, 2024 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд