Дар Кувайт ҷашнҳои давлатӣ ва муҳими Тоҷикистон таҷлил карда шуданд

Ноябрь 16, 2024 11:15

ДУШАНБЕ, 16.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд. Дар ин хусус АМИТ  «Ховар»   бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар медиҳад.

Дар  чорабинӣ вазири молия ва вазири давлатӣ оид ба умури иқтисодӣ, инчунин муовинони вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба Осиё ва ташрифот, намояндагони девони амирӣ, аъзои оилаи амирӣ, зиёда аз 110 сафиру роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими ин давлат, намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, тоҷикони муқими Кувайт, донишҷӯён ва доираи васеи хабарнигорон иштирок доштанд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода моҳият ва мақсади  ҷашнгирии  санаҳои мазкурро  шарҳ дода, ҳамватанонро  ба ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагӣ ва дастовардҳои даврони соҳибихтиёрии Тоҷикистон даъват намуд.

Дар назди хабарнигорону намояндагони ВАО муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба Осиё Самиҳ Ҷавҳар Ҳаёт аз номи Ҳукумат ва мардуми Кувайт  ҳозиринро бо ин ҷашнҳои миллӣ   табрик намуд.

Чорабиноро  гулчини садою мусиқии Шашмақом ва Фалак дар иҷрои ҳунармандони ансамбли созҳои миллӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ки маҳсули кори тарроҳони тоҷик мебошад, шукӯҳи хосса  бахшид. Ҳамчунин ба меҳмонон наворҳои кӯтоҳ оид ба дастовардҳои миллӣ ва наворҳои сайёҳӣ намоиш дода шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Ноябрь 16, 2024 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид