Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» масолеҳи сохтмонии баландсифат истифода мешавад

Ноябрь 17, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 17.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябри соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварда, ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти мамлакат мусоидат менамояд, оғоз бахшиданд.

«Ҳамарӯза он масолеҳи сохтмоние, ки ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои истифода ворид карда мешаванд, қабл аз истифода дар Озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ пурра аз санҷиш гузаронида мешаванд»,-гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи металли Озмоишгоҳи марказии сохтмонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Рамазон Рамазонов.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки Озмоишгоҳи марказии сохтмонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 таъсис дода шудааст. Ҳоло дар он 30 нафар

мутахассисону муҳандисони ботаҷриба фаъолият доранд. Озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз беҳтарин озмоишгоҳҳо барои ташхиси масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили семент, бетон, металл ва сӯзишворӣ маҳсуб мешавад. Озмоишгоҳи марказии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо зиёда аз 500 асбоб ва таҷҳизот барои ташхиси сифати

масолеҳи сохтмоние, ки дар сохтмони ин иншооти бузурги аср истифода мешаванд, таъмин аст. Онҳо ҳамарӯза аз ҷониби мутахассисону муҳандисон барои санҷиши масолеҳи сохтмонӣ ба таври васеъ истифода мегарданд.

Тавре муҳандиси пешбари шуъбаи кимиёи Озмоишгоҳи марказии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Ғайбулло Султонов иброз намуд, дар шуъбаи кимиё тамоми маводи сохтмоние, ки дар неругоҳ истифода мешаванд, аз ҷумла, семент, ҳатто обҳое, ки барои истеҳсоли бетон истифода мегарданд, сӯзишвории дизелӣ ва бензин, металлҳо ва дигар масолеҳи сохтмонӣ ташхис карда м ешаванд.

Дастгоҳҳое, ки дар ин озмоишгоҳ насб гардидаанд, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд. Озмоишгоҳ аз 5 шуъба – шуъбаи металл, кимиё, бетон, семент ва шуъбаи муайянкунанади хок иборат мебошад.

Оё ҳолатҳое буданд, ки ҳангоми ташхиси масолеҳи сохтмонӣ сифати онҳо ба талабот ҷавобгӯ набошад? Дар посух ба ин савол муҳандиси пешбари шуъбаи кимиёи Озмоишгоҳи марказии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Ғайбулло Султонов гуфт, ки чунин ҳолатҳо буданд. Масалан, ҳангоми ташхису санҷиши сӯзишвории дизелӣ ва семент сифати онҳо ба талабот ҷавобгӯ набуд ва бозпас гардонида шуданд.

Ба иттилои сардори шуъбаи металли ин озмоишгоҳ Рамазон Рамазонов, шуъбаи металл бо тамоми дастгоҳҳои замонавӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Тавассути онҳо сахтии оҳан, қабати ғафсии рангҳои молидашуда, ғафсии оҳан ва арматураҳое, ки аз Русия ва Чин ворид мегарданд, пурра аз санҷиш гузаронида мешаванд.

Сохтмони ин иншооти бузурги аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти назорати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат таъсис дода шудааст. Ин аст, ки Пешвои миллат дар вохӯриашон бо кормандони ин неругоҳ 28 сентябри соли 2024 таъкид намуданд, ки «мо «Роғун»-ро барои Ватани азизамон, мардуми шарифи Тоҷикистон ва барои садсолаҳо бунёд карда истодаем. Бинобар ин, корҳо бояд дар дараҷаи олӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ анҷом дода шаванд. Таъкид месозам, ки ба мустаҳкаму устувор будани сарбанди баландтарин иншооти гидроэнергетикии дунё бояд эътибори махсус дода шавад. Маҳз бо ҳамин мақсад то имрӯз дар иншооти неругоҳ 3390 асбоби санҷишу ченкунӣ васлу насб карда шудааст. Такроран таъкид менамоям, ки дар иншооти неругоҳ бояд маводу масолеҳи аълосифати сохтмонӣ ва таҷҳизоти ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истифода карда шаванд. Дар ин ҷода зарур аст, ки шароиту имконияти дар Озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ фароҳамгардида пурра истифода шаванд».

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Душанбе-Роғун-Душанбе

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 17, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид