Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 26.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ва шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонию созандагӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сафар намуд.
Дар доираи сафар дар марказ ва деҳаҳои дурдасти ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб тақрибан 20 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуд, ки бештари онҳоро иншооти соҳаи маориф ташкил медиҳанд.
Аз ҷумла дар ноҳияи Темурмалик бо иштироки Сарвазири мамлакат биноҳои таълимии иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 дар деҳаи Фалҳобод, бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 32 дар деҳоти Чилчаҳ, бинои шуъбаи маорифи ноҳия, кудакистони замонавӣ ва сардхона бо ғунҷоиши 500 тонна маҳсулот мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маҷмуъ беш аз 10 бинои нави иловагии таълимӣ бунёду мавриди истифода қарор дода шуда, барои зиёда аз 5 ҳазор хонанда дар ду баст шароити хуби таълим фароҳам оварда шуд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Темурмалик ҳамзамон аз ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар кӯчаҳои Ҳоҷӣ Ҳусайн ва таъмири ҷории дарёчаи Шураксойи шаҳраки Баҳманрӯд шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Темурмалик мавзеъҳои хатарнок 27 километрро ташкил медиҳад. То имрӯз барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва кашонидани 1280 адад тахтасангҳо аз ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Восеъ кашонида шуда, қисми зиёди онҳо васл гардидаанд.
Барои ҷоннок кардани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, истифодаи самараноки масолеҳ, ташкили навбатдории шабонарӯзӣ, дастрас кардани масолеҳи сохтмонӣ ба масъулон дастуру супоришҳо дода шуд.
Дар ноҳияи Восеъ Қоҳир Расулзода дар деҳаи Ҳулбуки деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 54-ро ифтитоҳ намуд. Бинои иловагӣ аз 10 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 480 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст.
Дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Восеъ бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Гулистон мавриди истифода қарор дода шуд. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум ҳуҷраҳои кормандон ва дар ошёнаи дуюм маҷлисгоҳ мебошад.
Дар деҳаи Дашти дили ноҳияи Восеъ бинои иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56 ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур аз 2 ошёна ва 10 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 480 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст.
Сарвазири мамлакат ҳамзамон дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53-ро мавриди истифода қарор дод.
Дар ноҳияи Восеъ ҳамзамон бинои нави таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72 ифтитоҳ гардид.
Тибқи иттилоъ, иншооти навсохт барои 480 хонанда дар ду баст бунёд гардида, аз 10 синфхонаи барҳаво, кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, синфхонаи компютерӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳамзамон биноҳои нави иҷтимоию хизматрасонӣ ва фарҳангӣ бо иштироки Қоҳир Расулзода мавриди истифода қарор дода шуданд.
Нахуст дар маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин муҷассамаи шоир ва мутафаккири тоҷик Шамсиддини Шоҳин ва гулгашти замонавӣ ифтитоҳ гардид.
Баландии муҷассама 6,2 метрро ташкил медиҳад.
Дар маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бинои маъмурии Маркази ҷавонони ноҳия низ мавриди истифода қарор гирифт.
Бино ду ошёна буда, дар ошёнаи якум 3 ҳуҷраи корӣ барои таълимгирандагон ва дар ошёнаи дуюм 2 ҳуҷраи корӣ, 2 маркази омӯзишӣ ва маҷлисгоҳ ҷойгир мебошад.
Ҳамзамон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бинои маъмурии Шуъбаи маорифи ноҳия ба истифода дода шуд. Бино дар маркази ҷамоати деҳоти Теҳрай ҷойгир буда, масоҳати умумии он 300 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ошёнаи якум аз 4 ҳуҷраи корӣ ва ошёнаи дуюм аз панҷ ҳуҷраи корӣ иборат мебошад. Дар ошёнаи сеюм маҷлисгоҳ ва меҳмонхона бунёд карда шудааст.
Қоҳир Расулзода бо лоиҳаи сохтмони таъминоти оби ошомиданӣ дар ҳудуди 3 деҳаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони хати оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои Нӯрафшон, Даҳбедиён ва Орёндеҳи ҷамоати деҳоти Теҳрай соли 2023 оғоз гардида, моҳи майи соли 2024 ба анҷом расид.
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар назди 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ биноҳои иловагии таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ барои 96 ҷойи нишаст дар назди филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 аз зумраи иншооти нави ҷашнӣ ба ҳисоб меравад.
Иншооти нави соҳаи маориф аз як ошёна иборат буда, дорои 4 синфхона мебошад ва минбаъд 96 хонанда метавонад дар як баст дар синфхонаҳои замонавии он таҳсил намояд.
Дар ҳамин ҷо лоиҳаи низоми рақамикунонии соҳаи маориф дар вилояти Хатлон муаррифӣ гардид. Лоиҳа дар доираи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ барои давраи то соли 2040 амалӣ гардида, барои беҳтарсозии сифати таълиму тарбия мусоидат хоҳад намуд.
Дар шаҳри Кӯлоб ҳамзамон бинои иловагӣ барои 384 ҷойи нишаст дар ду баст дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 ба истифода дода шуд.
Дар деҳоти Зарбдор ҳамзамон бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 ифтитоҳ гардид.
Дар маркази шаҳри Кулоб Филиали корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» мавриди истифода карор дода шуд. Бинои мазкур 2-ошёна буда, он аз шуъбаи қарздиҳӣ, шуъбаи амалиёт, хазина ва маҷлисгоҳ иборат аст. Бояд гуфт, ки бо ифтитоҳ гардидани филиали мазкур 18 нафар мутахассисони маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб гардиданд.